Arzon march 2024
Фоидаву зарари қулфинай
172

Ин шабу рӯзҳо қулфинай (клубника) дар рафи бозору мағозаҳо чашми касро мерабояд ва бо диданаш даҳони кас об мекушояд. Бархе бар он назаранд, ки клубника беҳтарин ва лазизтарин буттамева аст, вале гурӯҳи дигар онро зарарнок шумурда, аз хӯрдан истиҳола мекунанд. Мехоҳед донед, ки клубника ба кӣ фоида дораду ба кӣ зарар? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!

Манбаи ҷавонию зебоӣ

Клубника ба қатори буттамеваҳои фоиданоке дохил мешавад, ки аз моддаҳои муфид бой аст. Он дар таркибаш клетчатка ва кислотаҳои орнагикӣ дошта, андаке қанд ва каллорияи хеле кам дорад, бар замми ин, антиоксидантҳое дорад, ки ба муқобили радикалҳои озод фаъолона мубориза мебаранд. Аммо бартарии асосии клубника аз дигар мева ва буттамеваҳо дар он аст, ки ҷараёни пиршавии организми инсонро суст намуда, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунад. Аз ҳамин сабаб шахсоне, ки клубникаро дӯст медоранд, то дер ҷавонию зебоии худро нигоҳ медоранд.

Табибон мегӯянд, ки тез-тез клубника хӯрдан бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он, ҳамчунин касалии саратонро пешгирӣ мекунад.

Аммо дар баробари ин ҳама хусусиятҳои хуби табобатиаш клубника як ҷиҳати манфӣ низ дорад. Ин буттамеваи болаззат аллергени қавӣ буда, дар баъзе одамон боиси сар задани аллергия мегардад. Шахсоне, ки аллергия, экзема ё астма доранд, бояд дар хӯрдани клубника эҳтиёт бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД