Arzon march 2024
Фоида ва зарари обҳои газнок дар моҳи шарифи Рамазон
736

 

Салом! Ман нӯшидани обҳои рангаи газнокро дӯст медорам. Ҳар бегоҳ ҳатман ягон оби газнок мехарам, вале модарам маро сарзаниш карда мегӯянд, ки обҳои газнок ба саломатӣ зарар доранд ва махсусан дар моҳи шарифи Рамазон ин обҳоро нӯшидан мумкин нест. Мехоҳам донам, ки ин асл обҳои рангаи газнок фоида доранд ё зарар?

Фаридун, ш. Ҳисор

Посух

Обҳои рангаи газдор манфиат ва камбудиҳои худро доранд. Агар ба оби газнок рангҳои табиӣ ё моддаҳои хатарнокро ҳамроҳ карда бошанд, он метавонад ба саломатӣ зиён расонад, бинобар ин дар нӯшидани чунин обҳо эҳтиёт шудан лозим аст, вале обҳои газнок бо рангҳои табиӣ ба саломатӣ фоида доранд.

 Манфиатҳои оби газдор бо рангҳои табиӣ ва гази карбон

  1. Обҳои газнок бо гази карбон метавонанд ба беҳтар шудани кори системаи ҳозима мусоидат намоянд. Аз ҳамин хотир дар Моҳи шарифи Рамазон нӯшидани чунин обҳо баъди ифтор барои ҳазми хӯрок тавсия дода мешавад.

 2. Обҳои газнок метавонанд хастагии ҷисмонӣ ва равонии инсонро рафъ намоянд. Рӯзадорон дар моҳи шарифи Рамазон имкон доранд, ки хастагии худро бо нӯшидани чунин обҳо камтар намуда, нерӯи тоза бигиранд.

 3. Оби газнок бо рангҳои табиӣ ё моддаҳои антиоксидант, ба монанди антоцианин ороиш ёфта бошад, хосиятҳои зидди бактериявӣ ва антиоксидантӣ пайдо мекунад. Ин рангҳо дар муҳофизат кардани ҳуҷайраҳои бадан ва пешгирии осеб ба онҳо кӯмак мекунанд.

 4. Нӯшидани обҳои газдор бо рангҳои табиӣ ба кас эҳсоси шодӣ бахшида, табъро болида мегардонанд.

 Зарари обҳои рангаи газнок ба саломатӣ

Ба оби газнок рангҳои сунъӣ ё химиявӣ ҳамроҳ карда шуда бошад, он метавонад ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонад.

1. Моддаҳои рангкунандаи синтетикӣ, ки дар чунин обҳо истифода мешаванд, баъзан боиси пайдо шудани аллергия мегарданд.

2. Обҳои рангаи газноке, ки шакар ё моддаҳои ширинкунанда доранд, боиси зиёд шудани вазн ба рӯ ба рӯ гаштан бо мушкили фарбеҳӣ гашта, хатари гирифтор шудан ба касалии қандро ба миён меоранд.

3. Моддаҳои рангкунанда ва кислотаҳои дар обҳои рангаи газнок мавҷуд буда метавонанд боиси осеб дидани дандонҳо гарданд. Ҳар қадар инсон бештар обҳои газнок нӯшад, ҳамон андоза дандонҳояш бармаҳал пӯсида, ба афтодан сар мекунанд.

 Хулоса, ҳангоми интихоби обҳои рангаи газнок тамғакоғази онро бодиққат хонед обҳоеро интихоб намоед, ки аз моддаҳои табиӣ ва безарар тайёр шуда бошанд.

Маҳина Раҳимова

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД