arzon replenishment
Фоҷиаи моҳигири маст
800

Як марди 42-солаи зодаи шаҳри Кӯлоб дар рӯзи боронӣ бо нияти моҳигирӣ ба соҳили дарёи Душанбе рафта, кам монда буд аз ҷони ширинаш маҳрум гардад...

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз наҷоти як марди ғарқшуда дар ҷараёни амалиёти худ хабар додаанд. Тавре ки манбаъ мегӯяд, нимаи дуюми рӯзи 12 –уми март, тахминан соатҳои 17:03 ба навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зада, хабар додаанд, ки дар наздикии нашриёти “Шарқи Озод” (ГЖК), байни Сирк ва корхонаи нассоҷии тоҷик дар ҷазирачае дар байни дарёи Душанбе марде дармондааст.

Гурӯҳи наҷотбахшон фавран ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, муайян карданд, ки як марди 42-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дар ҳолати мастӣ ба моҳигирӣ машғул шуда, ба об афтодааст ва маҷрои об ӯро ба ин ҷазирача партофтааст.

Наҷотбахшон бо истифода аз банди махсус то ҷазирача расиданд ва ба бадани мард жилети наҷот пӯшондаю бо банд баста, аз байни дарё берун оварданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД