Дирӯз, қарибиҳои шом дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок боз як фоҷиаи хунин рӯй дода, боиси ба мотамсарой табдил ёфтани манзили як мард дар ноҳияи Айнӣ гашт.
Боз як тифлаки бегуноҳ қурбони беэҳтиётӣ ва бепарвоии калонсолон шуда, ҷони ширинашро ба сахтӣ аз даст дод.
Вақте ки ҷисми ба хуну халаф оғуштаи Абдумалики 6-соларо диданд, фиғони талхи волидону пайвандонаш ба фалак печид...
Ин фоҷиа дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок рӯй дода, кӯдаки ноболиғ зери чархи мошин мондааст. Тавре ки Вазорати умури дохилии кишвар хабар медиҳад, ҳодиса рӯзи 12-уми июл, тахминан соатҳои 17:30 сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Холов Шоҳрух Саидмирзоевич, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди хурдсол Сафаров Абдумалик Толибович, соли таваллудаш 2016, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа кӯдаки хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.