Исфандиёр ҳамагӣ 16- сол дошт ва дар дил орзуҳои ширини зиёде мепарварид. Ин ҷавони ормонӣ мехост мисли дигар ҳамсолонаш соҳиби касбу ҳунар гашта, бо духтари дӯстдоштааш оила барпо намояд ва як умр хурсанду хушбахт зиндагӣ кунад, вале сайёди аҷал мисли уқоби тезчангол Исфандиёрро дар роҳи Душанбе-Хӯҷанд ғафлатгир карда, риштаи умри ҷавонашро бераҳмона барканд...
Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хабар додааст. Тавре ки манбаъ менависад, ин ҳодисаи хунин шоми 23-март, тахминан соатҳои 18.30 рӯй дода, бо сабаби аз ӯҳдаи идораи автомобил набаромадани ронанда Розиқзода Имрон мошини “Опел-Астра” чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур Султонов Бахтиёр Яҳёевич, соли таваллудаш 1994 ва ноболиғ Муродов Исфандиёр Аъзамович, соли таваллудаш 2005, сокинони шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.Мутаассифона, ноболиғ Исфандиёр Муродов бар асари захмҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расид. Таҳқиқот аз рўи ин ҳодиса идома дорад.