Идомааш....
Шаҳбоз барои паст кардани алами дилаш нӯшиду нӯшид, нӯшиду нӯшид, шишаҳои шароб паиҳам холӣ мешуданд, аммо ғубори ғами ин ҷавони номурод ҳеҷ пароканда намегашт. Май баръакс, хотираҳои тираро дубора равшан менамуд ва тамоми «бадиҳо»-и модари Нозанин ба ёдаш расида, ҳисси интиқомҷӯӣ торафт бештар дар қалбаш аланга мезад. Баногоҳ аз дари кушодаи майхона чашмаш ба Нозанин афтид, ки хиромон-хиромон аз роҳ мегузашт. Вай дар сар тоқичаи арӯсӣ, дар пой кафши зардӯзӣ ва дар танаш куртаи сурхи пур аз муҳраю нақшу нигори ҷилодоре дошт. Либоси сурх ба Нозанин чунон зебида буд, ки одами дидагӣ гумон мекард, духтар не, як даста гули садбарги сурх аз кӯча гузашта истодааст. Аз афташ арӯсак нав аз кошонаи ҳусн баргашта буд, ки ҳусни афсунгараш ба назар боз ҳам дилфиребтар намуда, ба хирмани дилу ҷони кас оташ мезад. Шаҳбоз осемасар аз дари майхона баромад ва аз паси Нозанин давид. Дар хамгашти кӯча вай ба арӯсак расида гирифт ва банди дасташро маҳкам дошта зорӣ кард:
-Нозанинҷон, ман ба тақдирам тан додам! Худованд номи туро дар дафтари зиндагии ман нанавишта будааст, чӣ илоҷ?! Бароят хушбахтӣ мехоҳам. Дуо мекунам, ки соҳиби тахту бахт шавӣ. Аз ту фақат як хоҳиш дорам. Илтимос, не нагӯй!
-Шаҳбоз, илтимос дастамро сар деҳ! Имшаб чойгаштак дорам, пагоҳ маро ба хонаи шавҳарам гусел мекунанд, ягон кас маро бо ту бубинад, хуб намешавад,-Нозанин кӯшиш кард, ки дасташро аз дасти Шаҳбоз кашида гирад, вале панҷаи гирои ҷавон ӯро раҳо карданӣ набуд.
-Нозанин, ман туро танҳо бо як шарт раҳо мекунам, қабул кунӣ, хуб, набошад ҳозир бо тамоми овоз дод зада мегӯям, ки ту кайҳо бо ман будӣ ва духтариатро ба ман бахшидӣ.
-Байни ману ту ба ҷуз суҳбатҳои телефонӣ дигар чизе набуд, чаро маро туҳмат мекунӣ? Номардӣ накун, Шаҳбоз,-Дар чашмони Нозанин ашк ҳалқа зад.
-Номард бошу зинда бош гуфтаанд,-писханд зад Шаҳбоз.
Арӯсак дид, ки ба хубӣ аз чанги ин ҷавони бадмаст халос намешавад, шарташро пурсон шуд.
-Имшаб, баъди чойгаштак ман туро дар боғ интизор мешавам. Дониста мон, ки агар наомадӣ, ҳаётат месӯзад! Ба хонаи хушдоманат рафта мегӯям, ки келини ёфтаатон кайҳо зани беникоҳи ман аст!
Бо шунидани ин таҳдид ҳуш аз сари Нозанин парида пойҳояш дарақ-дарақ ба ларза даромаданд ва бо аломати ризо сар ҷунбонда бо ранги кандагӣ ҷониби хонаашон равон шуд.
Тӯйи фоҷиабор
Шаб, баъди тамом шудани чойгаштак ва рафтани қудоҳо Нозанин ноаён аз хонаашон баромада ҷониби боғ рафт. Арӯсак аз ҳар садои ба гӯш расанда як қад мепарид. Дилаш хавотир буд, ки мабодо касе ӯро дар кӯча набинад. Ниҳоят бо сад тарсу ларз ба боғ расид. Дар он ҷо аллакай Шаҳбоз ӯро интизор буд. Омадани Нозанинро дида вай бо табассуми истеҳзоомез ҷониби маликаи орзуҳояш қадам зад.
-Мана ман омадам, гапатро тезтар гӯй,-норозиёна овоз дод Нозанин.
Шаҳбоз бо суханҳои ширин ӯро фиреб карда, ба ҷойи хилваттаре бурд.
-Нозанин, медонӣ, ки ман чӣ қадар дӯстат доштам, аммо ту ба ҷойи меҳрубонӣ ба ман хиёнат кардӣ. Маро бубахш азизам, ки тоқати туро бо каси дигар дидан надорам,-пичиррос зад бо алам ошиқи ноком ва корди дар пушташ пинҳонкардаро бо шаст ба синаи арӯсак зад. Як-ду се, Шаҳбоз паиҳам ба синаи духтаре, ки аз ҷон бештар дӯсташ медошт, корд мезад, вале ҳеҷ аз интиқом сер намешуд. Вай танҳо замоне ба худ омад, ки дили Нозанин аз кор монда арӯсаки номурод ба хуну халаф оғушта гашта буд. Бо дидани Нозанин ғарқи хун Шаҳбози масти шаробу масти интиқом якбора ҳушёр гашт ва аз тарс ҷасади арӯсакро дар ҳамон боғ партофта фирор кард.
Арӯси кафанпӯш
Субҳ дамиду домод барои бурдани Нозанин омад. Танҳо ҳамин дам ба ёди модари Нозанин духтараш расид. Модар тамоми хонаҳоро кофт, вале аз арӯс дар ягон ҷо ному нишон набуд. Ба дугонаҳояш занг заданд, хонаи хешу таборро кофтанд, аммо Нозанинро гӯё замин фурӯ бурда бошад, касе ба куҷо ғайб заданашро намедонист. Ҳама саргаранг шуда, ба суроғи арӯс баромаданд ва дере нагузашта ҷасади ба хоку хун оғуштаи Нозанинро дар як гӯшаи беодами боғ пайдо карданд. Фиғони модар ба фалак дакка зад, хешу ақрабо рӯю мӯяшонро канда нола мекарданд, вале дигар аз ин гиряву зориҳо суде набуд.
Ҷиноят ва ҷазо
Тӯй ба мотам табдил ёфт. Модари арӯс тоқати дидани ҷинси хуншори гул барин духтарашро накарда ба сактаи дил гирифтор шуд. Духтурон ӯро беҳушу беёд ба беморхона бурданд. Хешу ақрабо бо нолаҳои ҷонгудоз арӯсаки нокомро ба ҷойи либоси сафеди арӯсӣ кафани сафед пӯшонда ба хонаи охираташ, ба маконе, ки ба он ҷо роҳи рафтан ҳасту омадан не, гусел намуданд. Домоди ба висоли маҳбуб нарасида-Хусрав як гӯшаи тобути Нозанинро бардошта, бо сари хаму чашми пурнам ҳамроҳи мардум арӯсаки номуродашро ба сафари охирин гусел мекард. Бо дидани ин манзара дили санг ҳам об мешуд.
Дар дунё ягон сир пинҳон намемонад, ҷинояти хунини Шаҳбоз низ ба зудӣ кушода шуд. Суд қотилро ба 19 соли маҳбас ҳукм кард, вале магар алами дили волидони Нозанин ноком бо ин паст мешавад…
Анҷом!