Formula novemver 2024
ФОҶИАИ ҒАЙРИИНТИЗОР
10357

Нозанин ба хонаи амакаш меҳмонӣ рафтанӣ шуда, дар роҳ тасодуфан бо Шаҳбоз ном ҷавони хушсурате шинос шуд. Онҳо бо як нигоҳ ба ҳамдигар дил баста, ошиқи зор шуда монданд.

Минбаъд Шаҳбоз ҳар рӯз ба Нозанин занг зада, соатҳо аз ишқу муҳаббат сухан мегуфт. Ҳамин тавр аз байн як сол гузашту Нозанин донишгоҳро хатм намуд. Шаҳбоз, ки дар оташи ишқи ин паричеҳра сӯхта кабоб шуда буд, дарҳол ба хонаи хонаи маликаи орзуҳояш хостгор фиристод, вале ба мурод нарасид.

Модари Нозанин авбошнамо будани ошиқи духтарашро аз забони мардум шунида, хостгории волидони Шаҳбозро рад кард. Ин хабар ба дили Шаҳбоз мисли корд расида бошад ҳам, Маҷнуни сонӣ нияти аз баҳри ишқаш гузаштан надошт ва ҳар рӯз ба паси хонаи волидони Нозанин омада бо умед ба дарвоза менигарист, то дили падару модари духтар ба ҳолаш сӯхта барои издивоҷи онҳо розигӣ диҳанд.

Хостгории бойбача

Дони умеди ин ошиқи зор ин дафъа ҳам хом баромад. Аз субҳ то шом дар пушти дарвозаи онҳо сархам нишастани Маҷнуни сонӣ натанҳо дили падару модари Нозанинро гарм накард, балки боиси он гашт, ки онҳо ба ҷустуҷӯйи домоди муносиб биафтанд.

Дере нагузашта чунин шоҳзода пайдо шуд. Хусрав, ҷавони соҳибмаълумоти бо ақлу тамиз ва аз ҳама муҳимаш аз оилаи сарватманд! Волидони Нозанин хостгории волидони ин бойбачаро бо ҷону дил қабул карда, духтарашонро ба Хусрав фотиҳа намуданд ва дар тараддуди тӯйи бошукуҳ шуданд.

 

Захми хуншор

Қудоҳо чунон чизу чораи бисёр оварданд, ки хонаи падари арӯс ба як мағозаи калони замонавӣ табдил ёфт. Даҳони хешу табор ва ҳаққу ҳамсоя бо дидани зару зевари бриллиантдору куртаҳои қиматбаҳо ва кафшҳои қалапошнаи рангобаранги барои Нозанин овардаи хушдоманаш воз монд:

- Туқузи овардаи қудо ба хироҷи як мамлакат меарзад, - мегуфтанд кампиракон пичир - пичиркунон ва орзу мекарданд, ки Худованд ба духтару набераю абераҳои онҳо низ чунин бахти баландро насиб гардонад.

Бо нигоҳи саршори ҳавасу ҳасад ҷиҳози духтарашро тамошо кардани меҳмононро дида, модари Нозанин қабат-қабат гӯшт мегирифт ва домодшавандаро таърифу тавсифкунон мегуфт:

- Шукр, ки Нозанини ман ҷуфти ба худаш муносибро ёфт. Домодам як бачаи зебою хушқаду қомати худаш барин босавод, коргар ва ҷипсавор, худо хоҳад, Нозанинҷони моро рӯйи даст бардошта мегардад. Боварӣ дорам, ки духтарам дар хонаи шавҳараш шоҳбону барин зиндагӣ мекунад! Хуб кардам, ки ба хостгорҳои пештара ҷавоби рад додам. Вай почаканда ба духтари ман чӣ дода метавонист…

Шаҳбоз аллакай бо нисфи бачаҳои ин маҳалла ҷӯра шуда буд ва дӯстонаш ин суханони модари маҳбубаашро ба ӯ мерасонданд. «Почаканда» гӯён, ӯро паст задани модари Нозанин ба рӯйи захми дили ин ошиқи ноком намак мепошид ва ҳисси интиқомҷӯиро дар вуҷудаш аланга медод, вале барои қасдашро ситонидан пайти муносиб меҷуст.

Шодиву ғам

Рӯзи тӯй аниқ шуд. Волидони Нозанин кӯрпаву болин, сандуқу қолин, яхдону телевизор ва мебелҳои гаронбаҳою дигар ҷиҳози бо сад умеду орзу барои духтари нозпарвардашон омодакардаашонро ба мошини калони боркаш бор карда, ба хонаи қудо фиристоданд, то тахту бори арӯсро пекашӣ ҷо ба ҷо карда, хонаашро оро диҳанд. Шаҳбоз аз дур истода бо чашмони пурнам давутози волидони маҳбубаашро тамошо мекард ва аз дил мегузаронд, ки ин мошини пурбор бояд ба хонаи онҳо мерафт ва имшаб дар паҳлӯи Нозанини аз ғунчаи гули садбарг зеботар вай қадам мезад, аммо ин зану шавҳари сарватпараст ба рӯйи ишқу умед ва орзуву ормонҳои ӯ хати батлон кашиданд. Як андеша як алами ӯро сад алам намуд ва баробари ба самти роҳи калон тоб хӯрдани мошини пурбори арӯс ҷониби дигар равон шуд.

Масту девона

Шаҳбоз барои паст кардани алами дилаш нӯшиду нӯшид, нӯшиду нӯшид, шишаҳои шароб паиҳам холӣ мешуданд, аммо ғубори ғами ин ҷавони номурод ҳеҷ пароканда намегашт. Май баръакс, хотираҳои тираро дубора равшан менамуд ва тамоми «бадиҳо»-и модари Нозанин ба ёдаш расида, ҳисси интиқомҷӯӣ торафт бештар дар қалбаш аланга мезад. Баногоҳ аз дари кушодаи майхона чашмаш ба Нозанин афтид, ки хиромон - хиромон аз роҳ мегузашт.

Давом дорад ...

 

Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД