Фирӯза Ҳафизова, овозхони 35-солаи тоҷик суруди “Ёраки шуғнонӣ”-и шодравон Субҳон Саид (1960-2016)-ро бозхонӣ карда, намоҳанги онро нашр намудааст. Овозхон бо нашри клиптаронаи “Ёраки шугновӣ”, ҳамчунин, аз бори дигар ошиқ шуданаш хабар додааст.
“Мухлисони азиз, як хабари хеле муҳим дорам. Бо гузашти чандин вақт, қалби пурорзуи ман боз ошиқ шуд. Дигар аз ишқ хоҳам сароид. Аз ишқ хоҳам гуфт. Аз ишқ хоҳам болид. Ба ҳамаи шумо низ ишқи поку беолоишро таманно дорам. Суруди нави ман бо номи “Ёраки шугновӣ”, ки моломоли ишқу муҳаббат аст, барои тамоми ошиқони пок пешниҳод мешавад. Ман ошиқам, Худоё, ошиқтарам кун”,-навиштааст Фирӯза Ҳафизова дар саҳифаи Инстаграмаш.
“Ёраки шуғнонӣ”-ро ба “Ёраки шугновӣ” иваз намудани овозхон миёни мухлисону ҳаводорон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехтааст. Қисме бар он назаранд, ки бону Ҳафизова ба марди шугновие дил дода, сурудро ба хотири ӯ сароидааст. Қисми дигар бошанд, ба ҳунари овозхонии Фирӯза баҳои баланд додаву аз оне ки суруди Субҳон Саидро бозхонӣ кардааст, изҳори қаноатмандӣ кардаанду халос.
Фирӯза Ҳафизова то ин дам ду маротиба издивоҷ карда, аз ҳарду шавҳараш ҳам ҷудо шудааст ва ду духтар дорад.