Рӯзи 29-уми декабр буд. Чун ҳарвақта субҳи барвақт аз хона баромадам, то зудтар ба коргоҳ бирасам, зеро бояд шумораи солинавии ҳафтаномаро ба чоп омода мекардем. Дар истгоҳ мунтазири нақлиёт будам. Хатсайри 58, ки аз бозори “Варзоб” то маҳаллаи “Гипрозем” меравад, ҳамарӯза маро то ҷои корам, яъне то Шарқи озод мебарад. Нақлиёт ҳам омад. Дохили он назар ба рӯзҳои дигар камодам буд. Пулчинак “Биё, бача, 58-и холӣ, Сирк, Султони Кабир, Корвон, Гипрозем” гӯён, ба пур кардани нақлиёт машғул шуд. Ман ва чанд мусофири дигар дар ин сардии нобаҳангоми фасли дай маҷбур шудем, ки то пур шудани он мунтазир бимонем. Мушу Харгӯш, Гӯсфанду Ҳамдуна, Сагу Хук ва Мурғу Асп як-як ба нақлиёт савор шудан гирифтанд. Нақлиёт пур шуда бошад ҳам, пулчинак ҳамоно “58-и холӣ” гуфта, ба чор тараф дод мезад.
-Дар ин хунукӣ моро куштан мехоҳӣ? Зудтар ҳай кун, ба кор дер мекунем,-садо баланд кард Харгӯш, ки аслан ба сардӣ тоқат надорад.
Ронанда мошинро ба ҳаракат дароварду суҳбати мусофирони дохили он низ якбора авҷ гирифт. Ҳар кадоме аз ҳар боб чизе мегуфт, аммо бинобар зиёд будани овозҳо аниқ шуданида намешуд, ки онҳо чӣ мегӯянду дар кадом мавзӯъ баҳс мекунанд. Дар истгоҳи дигарӣ нақлиётро мусофире нигоҳ дошт. Бақари серпашми сафедрӯ ва бӯзбалае савор шуд. Аз рӯйи одоб бархестам, то ба Бақар ҷой бидиҳам.
-Ташаккур, писарам. Кам нашавӣ,- Бақар миннатдорӣ карда, ҷуссаи калону вазнинашро ба нишастгоҳи хурдакаки нақлиёт ҷо кард.
Баъди савор шудани Бақар мусофирони дохили нақлиёт ба пичир-пичир сар карданд.
-Имсол аз рӯйи мӯчал ё худ солшумории дувоздаҳгона Бақарбой ҷойи Мушро мегирад. Умед мебандем, ки соли нек ва пурфайзу баракат ояд,-аввал гулӯ афшонда, баъд садо баланд кард Асп, ки назар ба дигар мусофирон синну солаш калонтар менамуд.
-Эҳ, дар ин ширинзабоният садқа, Аспҷон,-Бақар бо аломати “ташаккур” сар ҷунбонида, суханашро идома дод,-“Нияти нек, ними давлат” гуфтаанд. Худо хоҳад, дар ҳақиқат соли пурфайз меояд. Агар хоҳед, ки дар Соли нав корҳоятон барор гиранд, солро аз тозагӣ шурӯъ кунед. Ҳамаи чизҳои куҳнаи хонаатонро бароварда партоед. Баъдан, аз зоти ман ҳадди ақал як-ду сар харидорӣ карда, парвариш кунед, то дар рӯзҳои мабодо шуморо дастгирӣ кунам. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар соли 2021 ба шумо нерӯву тавоноӣ ва сарват ҳадя хоҳам кард.
-Мо низ ба пуртоқатӣ, меҳнатдӯстӣ ва устувории ту боварӣ дорем, Бақарбой,-Гӯсфанд ҳам ба суҳбат ҳамроҳ шуда, суханони Аспро қувват бахшид.
-Қурбони шумо, қурбони шумо,-Бақар ин ибораро зери лаб такрор карда, ба мусофирон ташаккур мегуфт.
-Беҳуда хурсандӣ накунед. Шумо аз куҷо медонед, ки соли 2021 соли пурфайзу бобаракат меояд? Дар рӯзномаҳо хондам, ки олимон дар Аврупо намуди нави коронавирусро кашф кардаанд. Аз рӯйи шунидам, ин ваксинаҳо ҳам фоида надоранд. Ҳамааш барои ба чашми мардум хок пошидан. Беҳтараш ҳар чизи ёфтаатонро захира кунед, зеро ман умед надорам, ки соли 2021 соли хуб ояд,-Муш, ки дар охири нақлиёт дар бари Харгӯш менишаст, бо ин суханҳояш мусофиронро ба ғазаб овард.
-Забонаката ғунда газад, Муши баддаҳон. Тавба гӯй! Наход нияти бад кунӣ-а?
Худо ҳастӣ, ки пешгӯӣ мекунӣ? Ҳамин касофатии соли ту бароямон кифоя аст. Аз аввали сол то ҳол як рӯзи хурсандиро надидем. Чӣ қадар инсонҳои наҷиб мурданд, мардум азоб кашиданд, зиндагӣ маънии худро гум кард, одамон аз ҳаёти муқаррарии худ дур шуданд,-Хук тоқат накарда, суханҳои Мушро бе ҷавоб намонд.
Дигар мусофирон ҳам сар ҷунбонда, гуфтаҳои Хукро тасдиқ карданд.
-Нарху навои бозорро намегӯед?! Ҳама намуди маҳсулот заҳр барин қиммат шудааст,-илова кард Саг.
-Ором шавед, ғалоғула накунед,-мусофиронро ором кард Бақар. -Соли навро бидуни қарз пешвоз гиред, он гоҳ соли хуб меояд. Аммо хайру саховатро фаромӯш накунед. Як нон дошта бошед, нимашро ба камбағалону бечорагон диҳед. Пулро беҳуда сарф мекардагӣ бошед, ҷонатон дар азоб аст, дӯстони азизам. Кӯшиш кунед, ки ҳамёнатон холӣ намонад.
-Барои деҳқонон чӣ гуна сол меомада бошад? Ҷаву гандум фаровон мешудагист?
!-Мурғ ҳам садо баланд кард, ки шикамаш аз гуруснагӣ қур-қур мекарду ҳушу хаёлаш банди ҷаву гандум буд.
-Ин аз боришот вобаста аст. Агар боришот зиёд шавад, деҳқонон ҳосили хуб мегиранд,-ҷавоб дод Бақар.
Ин дам мусофирбар таваққуф карду марде дохили он шуд, ки дар рӯяш ниқоб дошт. Ӯ барои худ ҷой кофта истода, чашмаш ба муш, ки дар паҳлӯи харгӯш савлат карда менишаст, афтод ва ба ӯ наздик шуда, рост аз думаш қапиду ба берун партофт ва ба ҳозирон омирона гуфт:
-Минбаъд ин паҳнкунандаи аҷалро дар ягон ҷой роҳ надиҳед, аммо то вақте, ки Бақарбой ваъдаашро иҷро накунад, ниқобро аз рӯятон нагиред. Ин амри шоҳи ҳайвонот аст ва иҷрои он ҳатмист. Фаҳмидед?
...Аз ҳайбати шер тарсида, оҳиста ба гӯши ронанда гуфтам:
-Дар назди "Шарқи озод" истед...