Фират Челик, ҳунарманди 40-солаи турки олмонитабор баъди шаш соли танаффус дигарбора ба саҳна баргаштааст. Қарор аст, ӯ дар силсилафилми ҷадиде, ки ҳоло дар борааш маълумоти пурра вуҷуд надорад, барои шабакаи “BluTV” нақш офарад.
Фират соли 2015 яку якбора нопадид гашта, дар фаъолияти эҷодии худ танаффус эълон кард ва дар филмҳо низ нақш намеофарид. “Фират Челик хӯрокҳои фаронсавиро дӯст медорад. Ӯ шаш сол боз дар Фаронса зиндагӣ мекард ва тарабхонаи шахсии худро бо номи “Au Plaisir” дошт”,-менависад хабаргузории “Кинотека”. Ба гуфтаи худи Фират, ошпазӣ барояш танҳо як шуғли дӯстдошта буда, ӯ қасди аз саҳна дур шуданро надорад. “Ифтитоҳи тарабхона орзуи деринаам буд. Ҳоло ба орзуям расидам ва акнун вақти он расидааст, ки ба кори аслиам баргардам.
Ман қасди аз саҳна дур шуданро надорам ва ошпазӣ бароям танҳо як шуғли дӯстдошта мебошад”,-гуфтааст худи ҳунарманд. Фират Челик барои тамошобинон бегона нест. Мардум ӯро аз силсилафилмҳои “Фотимагул чӣ гуноҳ дошт?” ва “20 дақиқа”, ки қаблан дар Тоҷикистон низ тарҷума мешуданд, мешиносанд.