Formula novemver 2024
Фиғони зани зиндонӣ Қисми 4
1849

 

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта.)

Маҳинаро ба ҳайси ошпаз ба ошхона гузарониданд. Маҳина бо рафтору хубу тозакориаш ба дили тамоми кормандони маҳбас ва занҳои маҳбасӣ роҳ ёфта, дӯсту апаву хоҳар гашта буд. Вале як нафар ҳеҷ ӯро дӯст надошт. Сардори посбонҳо, Рамиш ин зани тоҷикро якбора бад дида монд. Чунки Рамиш мехост бо Маҳина муносибати маҳрамона дошта бошад, аммо Маҳина ба ӯ ҷавоби рад дода гуфт, ки агар ин навбат дар ин мавзӯъ чизе гӯйӣ, ба роҳбарият хабар мекашам. Камила, ки ошиқи шайдои Рамиш буд, ин рафтори ошиқашро фаҳмида, қариб ки аз ақл бегона шавад. Ба Рамиш гуфт, ки ҳам туро мекушаму ҳам маъшуқаатро. Маҳина ба ӯ гуфт, ки ба ман касе даркор нест. Вале Рамиш кори барқасдонаи худро карду Маҳинаро аз ошхона пеш карданд.

Орзуҳо, орзуҳо...
Пас аз рондани Маҳина аз ошпазхона ва душманиаш бо Рамиш Камила аз раиси зиндон зорӣ кард, ки ин зани тоҷикро ба дигар маҳбас гузаронанд. Ин навбат Маҳинаро ба маҳбаси «Троицкий» гузарониданд. Маҳина аз хастагии равонӣ парешонхотир гашта, худ ба худ гап мезад. Маҳинаро ба беморхона хобонида табобат карданд. Маҳина акнун рақам мешумурд, ки кай соати озодӣ фаро мерасаду ӯ ба озодӣ мебарояд ва як дам нафаси озод мекашад. Барояш озодӣ аз тамоми боигариҳои дунё қиммат буд. Дар дил ният дошт, ки ба ватан баргашта, духтарашро меёбаду зиндагии оддиро аз саҳифаи тоза оғоз мекунад.

Таманнои бетолеъ
Дар ин ҷо ба худ ҳамдаму ҳамрозе ёфт. Ин зан ҳам аз Тоҷикистон буду барои ҷинояти қаллобӣ ин ҷо маҳбас шуда буд. Таманно бо Маҳина зуд забон ёфту ҳарду аз якдигар ягон сирро пинҳон намекарданд. Маҳина ба ӯ ваъда кард, ки агар пештар аз ӯ ҷавоб шавад, ба ватан рафта, ҳатман кӯдакони ӯро хабар мегирад. Таманно дар солҳои дар маҳбас буданаш ба дарди бедавои сил мубтало гашта буд. Ҳарчанд дар беморхонаи маҳбас ӯро табобат карда бошанд ҳам, бефоида буд. Рӯзҳои охирини ҳаёташ сулфааш бештар мешуду дақиқаҳо гулӯяш маҳкам шуда, аз сулфа боз намемонд. Дар танҳоӣ ба Маҳина мегуфт, ки дугонаҷон, умри ман башумор мондааст. Агар мурда монам, илтимос аз ҳоли духтаракони ман хабар бигир. Онҳо ба ғайр аз ман касе надоранд. Шавҳарам кайҳо зани дигар гирифта, аз ҳоли мо тамоман хабар намегирад.
-Ин хел нагӯй Таманно, ту иншоаллоҳ сиҳат мешавӣ, боз мебинӣ духтаронатро.
Субҳе садои хиросзании Таманно Маҳинаро аз хоб бедор кард. Таманно сулфакунон бори охирин аз Маҳина илтиҷо кард, ки аз ҳолу аҳволи духтарони ӯ хабар бигирад.
Ҷасади Таманноро баъди марг дар куҷо гӯрониданд, Маҳина намедонад...

Зиндагии нав
Маҳина баъди марги Таманно якбора ба касалии равонӣ гирифтор шуда, беист мегиристу мӯйҳояшро меканд. Ӯро боз ба маҳбаси дигари занонаи «Мост-1» гузарониданд. Дар ин маҳбас занони хубу дилсӯз бисёр буданд. Бо меҳрубониву гапи ширин ба Маҳина мегуфтанд, ки муҳлати ба озодӣ баромаданаш тамоман кам мондааст. Маҳина каме ором шуда, ба ҳолати аввалааш бармегашт...
Инак, ӯ дар озодӣ аст.

Маҳина ба калисо нафратангез нигаристу ашки чашмонашро пок кард. Барои ба Ватан рафтан ҳоло пул надошт. Ӯ бояд тамоми мушкилиҳоро таҳаммул карда, дар ягон ҷо меҳнат кунад ва ба Ватан равад. Ваъдаи ба Таманно додаашро иҷро кунад. Аз духтараш дигар умеде нест. Чунки ба Ватан занг заду дӯстонаш гуфтанд, ки акси ҷасади Низораро бори охирин дар барномаи телевизионии криминалӣ дидаанд...
Шаҳло

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД