Sebiston new 2024 october
ФЕЙСБУК МАНИЖАРО ХОНАВАЙРОН КАРД
15.03.2022
ОИЛА
3511

Моҳи феврали соли гузашта буд. Ҳар гоҳ дар фейсбук паём гузорам, як нафар ба онҳо смайлики ханда мегузошт.

Як рӯз дар паёмрасони инфоридиаш навиштам, ки чаро ин қадар маро масхара мекунад. “Журналисти ҷанггара” гуфта боз масхара кард, вале “ҷанг” - амон он қадар давом накарда, баъдан дар фазои маҷозӣ дӯст шудем. Акнун дӯсти фейсбукиам, ки Манижа ном доштааст, ба ман рози дил мегуфту ман ба ӯ ва ҳамин тавр то нимаҳои шаб сӯҳбат мекардем. Билохира кор ба ҷое расид, ки агар рӯзе Манижа ягон чиз нанависад, зиқ мешудам.

Аввали моҳи июн буд, ки дар паёмрасони инфиродии Фейсбукам навишт: “Ба ту як хабар дорам, ба ҳеҷ кас гуфта натавонистам...

”Манижа навишта буд, ки волидонаш зӯран ба шавҳар доданиянд. Хело ғамгинона гап мезад ва дилам ба ҳолаш сӯхта, ҳуқуқҳояшро ба ӯ фаҳмондам, вале гуфт, ки падараш бисёр марди якрав аст ва баҳс кардан бо ӯ ягон фоида надорад.

Пас аз ин Манижа чанд муддат аз фазои маҷозӣ нест шуд, сипас ба ман навишт, ки ба тақдир тан дода, ба шавҳар кардан розӣ шудааст. “Дар тӯям ту баранда шав” гуфта буд ва ман низ розӣ шудам, аммо дигар аз тӯяш ягон дарак нашуд.
Муддате ба интернет дастрасӣ надоштам. Моҳи ноябр, вақте ба Фейсбук дастрасӣ пайдо намудам, хотираҳояшро дида фаҳмидам, ки аввали моҳи октябр тӯй шудааст.
Хурсанд шуда, самимона барояш хушбахтӣ таманно кардам, аммо хушбахтиаш дер давом накард...

Рӯзе дар Фейсбук аз номаш бароям паём омад. Манижа бо андӯҳ навишта буд, ки шавҳараш суханони бо ман гуфтаашро дидааст ва ҷангу ҷанҷол бардоштааст, ки гӯё бо ман робитаи ошиқона доштааст. Бо шунидани ин хабар гаранг шуда, ба ташвиш афтодам. Байни мо ягон хел муносибати ошиқона набуд ва намехостам аз пушти ман шуда, дӯстам хонавайрон шавад, аммо намедонистам чи тавр инро ба шавҳари Манижа фаҳмонам...

Худи ҳамон шаб як рақами бегона ба ман занг зад ва таҳдидкунон гуфт: “Ай пшти ту я оила вайрон шдестай, ма тра прократурада меспорм ё омада кора ҳал кн!”
Ба хотири он ки моҷаро калонтар нашавад, гуфтам, ки ман Манижа гуфтанӣ духтарро намешинсам, вале баъд модараш занг зада, зорӣ кард: “Ассалому алайкум! Бачаҷон, хубӣ? Ман модари Манижаам, духтарам хонавайрон шуда истодааст. Биё, гапи ростро гӯй, мо ба ту зарар намерасонем!”
Дилам ба ҳоли ин модари бечора сӯхт ва ҳама чизро гуфта додам, вале волидони Манижа ба ман гап ёд доданд, ки дар назди шавҳараш ин хел нею он хел гӯй.
Хулоса, шаб модари Манижа дар назди домодаш ба ман занг зад ва хоҳиш кард, ки буду шуди гапро ба ӯ бигӯям, аниқтараш ҳамон гапҳоеро гӯям, ки худи онҳо ба ман ёд дода буданд. Акаҷон, ман Манижаро танҳо дар Фейсбук мешиносам, ҳатто сураташро дидагӣ нестам. Мо бо ҳам фақат дӯст будем, ягон чизи дигар набуд ва охирин маротиба пеш аз фотиҳаатон ҳамроҳаш гап зада будам. Акаҷон, ҳатто то ҳозир ман садои Манижаро шунидагӣ нестам, танҳо дар месенҷер менавиштему халос. Аз пушти ман зиндагиатро вайрон накун, оилаатро ҳифз кун, гуфтам зорикунон, вале шавҳари Манижа ба суханони ман тамоман бовар накарда, бо суханони қабеҳ телефонро хомӯш намуд...
Ду рӯз баъд модари Манижа занг зад ва ғамгинона “духтарам аз шавҳараш ҷудо шуд” гуфту хайру хӯш кард...
Ҷасури Қиёмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД