Sebiston new 2024 october
Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ дар Истаравшан
30.09.2024
ОИЛА.ТҶ
831

Рӯзи 1-уми октябр дар Боғи фарҳангии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ «Озар» ифтитоҳ мегардад.

Тавре «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иттилоъ медиҳад, ҳамчунин 2-юми октябр дар ин макон намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандони ватаниву хориҷӣ доир мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар ҳошияи фестивал намоиши маҳсули дасти ҳунармандони давлатҳои аъзои Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, ҳунармандони шаҳри Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, маросими супоридани Шаҳодатнома ба шаҳри Истаравшан ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ», шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихиву растаҳои ҳунармандон ва Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дар назар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД