Имрӯз таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаи ба таътили муваққатӣ фиристодани хонандагони мактаб ва муҳассилини боғчаҳо баррасӣ гардид. Тибқи қарори Ситод шуруъ аз 27 апрел то 10 май дар муассискҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миëнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миëнаи касбӣ таътили муваққатӣ эълон гардид.
Тадбири мазкур ба хотири аз хатари сироятëбӣ ба вируси Ковид - 19 эмин нигоҳ доштани кӯдакону наврасон гуфта мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илм феълан дар муассисаҳои олӣ дарсҳо ҷараëн доранд. Дар ин самт ҳанӯз иқдоме дар назар гирифта нашудааст.