Иштирокчии Чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои осиёӣ дар баробари беҳтарин давандаҳои сайёра барои медали Бозиҳои олимпӣ рақобат мекунад.
Бояд бигӯем, ки Фаворис Музрапов дар баробари он, ки варзишгари касбӣ мебошад, ҳамзамон корманди FORMULA55 низ мебошад, ки мо аз он фахр мекунем!
Ба монанди дигар варзишгарони муваффақи кишвар, FORMULA55 низ ба Фаворис кумаки молиявӣ расонид, то ӯ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба Бозиҳои олимпии Париж беҳтар омода шавад!
Фаворис Музрапов 13 сол боз ба варзиши сабук машғул буда, қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон, ғолиби Чемпионати Осиёи Марказӣ, иштирокчии чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои XIX осиёӣ мебошад.
Давандаи 25-солаи тоҷик дар давидан ба масофаи 100 метр барои медал мубориза мебарад.
Мо медонем, ки рақобат дар чунин чорабинии бузурги варзишӣ хеле мушкил аст, вале бовар дорем, ки Фаворис бо иродаи қавӣ ва матонати худ беҳтарин будани худро исбот карда метавонад.
FORMULA55 - Мо варзишро рушд медиҳем!