Formula novemver 2024
ФАРЗОНА "ГУЛУМОЙ"-И МАНИЖАРО БОЗХОНӢ КАРД!
3378


Овозхони ҷавон ва бомаҳорати тоҷик, духтари примадонна Сурайё Қосимова ва хоҳари Шабнами Сурайё-Фарзонаи Хуршед як таронаи машҳури сарояндаи овозадори тоҷик Манижаи Давлатро бозхонӣ намудааст.


Солиёни зиёдест, ки Манижаи Давлат рӯйи саҳна нест, вале то ҳол садои гӯшнавозаш аз дили мардуми ҳунарпарвари тоҷик нарафта, ошиқони ҳунари асил ҳамеша аз ин зебосанами булбуловоз ёд мекунанд. Манижа аз зумраи ҳунармандони ангуштшумори тоҷик аст, ки ҳар як таронаи эҷод кардааш хит шуда, ба зудӣ вирди забони хурду калон мегашт. Маҳз аз ҳамин хотир гузашти вақт натавонист меҳри Манижаи Давлат ва сурудҳои дилнишини ӯро аз дили мардум зудуда созад ва то ба ҳол иддае аз сарояндагони ҷавон сурудҳои ин бонуи пурҳунарро бозхонӣ менамоянд.


Аз ҷумла Фарзонаи Хуршед, духтари примадоннаи тоҷик Сурайё Қосимова ва хоҳари Шабнами Сурайё таронаи "Гулумой"-и Манижаи Давлатро бозхонӣ намудааст. “Гулумой” бо садои Фарзона аз ҷониби ҳаводоронаш хеле гарм қабул шуд, вале иддае дар шарҳи суруд навиштаанд, ки Манижа онро беҳтар сароидааст.

Суруди "Гулумой"-ро солҳои пеш низ дигар сарояндаҳо низ сароида буданд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД