Arzon march 2024
Фарзандону шогирдон ба зиёрати Кароматуллои Қурбон рафтанд
836


Имрӯз булбули шӯридадили боғи санъати мо, яке аз устодон ва поягузорони мусиқии эстрадии тоҷик Кароматуллои Қурбон ҷашни милод дорад.

Тири нохалафе агар синаи ин марди ҳунарро пора-пора намекард, имрӯз Кароматуллои Қурбон ба синни мубораки 61-солагӣ мерасид, вале чашидани шириниҳои ҳаёту дидани роҳати фарзандон ба ин инсони бузург ва дарёдил муяссар нагашт...

Хушбахтона фарзандони бо нангу номуси Кароматуллои Қурбон-Муҳамадрафии Кароматулло ва Нозияи Кароматулло пайроҳаи пуршарафи падарро идома дода, бо эҷоди оҳангу таронаҳои дилнавоз ёди Кароматуллои Қурбонро то ба имрӯз зинда медоранд.

Муҳаммадрафӣ ва Нозияи Кароматулло ҳамасола ба поси хотири падари зиндаёдашон дар рӯзи зодрӯзи Кароматуллои Қурбон барномаҳои зебои ҳунарӣ омода намуда, хотири мухлисонро шод мегардониданд, вале имсол ба гуфти Муҳаммадрафии Кароматулло бо баъзе сабабҳо чунин имкон даст надод.

“Имсол мо бо баъзе сабабҳо ба ифтихори ҷашни зодрӯзи падари бузургворам маҳфили ёдбуд ва барномаи консертӣ ташкил накардем, вале ҳамроҳи як гурӯҳ шогирдон ва ихлосмандони Кароматуллои Қурбон ба сари марқадашон рафта ба рӯҳу арвоҳашон дуову фотиҳа хондем”-гуфт зимни сӯҳбат бо мо роҳбари бадеии ансамбли “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарзанди номбардори Кароматуллои Қурбон-Муҳаммадрафии Кароматулло.

Ба гуфти Муҳаммадрафӣ зиёраткунандагони марқади Кароматуллои Қурбон асосан шогирдон, пайравони мактаби ҳунарии Кароматулои Қурбон ва кормандони радиои Тоҷикистон буда, дар байнашон мутрибон ва ҳунармандони машҳур аз қабили Фурқати Саид ва Хуршед Низомов будаанд.

Ёдрас мешавем, ки Кароматуллои Қурбон 29-ноябри соли 1961 дар Кӯлоб ба дунё омада буд, вале баъдтар оилаи онҳо ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯч баста, даврони наврасию бачагии Кароматулло маҳз дар ҳамин ноҳия гузаштааст.

Меҳри ҳунар ҳанӯз аз давраи бачагӣ дар дили Кароматулло ҷӯш мезад ва ҳамин буд, ки ҳанӯз замони донишҷӯйи донишкадаи санъати Тоҷикистон буданаш дар атрофи худ ҷавонони ташнаи суруду мусиқиро гирд оварда, дар ҳамдастӣ бо дӯсти даврони бачагиаш Исматулло Холов ансамбли эстрадии “Суғдиён”-ро ташкил кард.

Ин дастаи замони Шӯравӣ шӯҳрати гӯшношуниде дошт ва яке аз ансамблҳои машҳури эстрадии тоҷик ба шумор рафта, мухлисони зиёде дошт, вале пас аз хатми донишкада Кароматуллоро ба Оркестри давлатии эстрадии “Гулшан” даъват намуданд. Кароматуллои Қурбон дар “Гулшан” фаъолияти худро аз овозхони одди сар карда, то зинаи роҳбари бадеии ин оркестри овозадор расид.

Ин ҷавонмарди сар то ба по ҳунар дар дил орзуву ормонҳои зиёде дошт, аммо 17- октябри соли 1992 дар авҷи ҷанги бародаркушӣ ҳангоми бозгашт аз як маърака ҳамроҳи аҳли гурӯҳ ва бародараш Наврӯзи 17-сола дар ноҳияи Ёвон ба дасти як тӯда ҷавонони тирадилу хирасари ташнаи хун ба таври ваҳшиёна кушта шуд.

Ҷанозаи Кароматуллои Қурбон яке аз пурсӯзтарин мотамҳо дар таърихи аҳли фарҳанги тоҷик ба шумор рафта, даҳҳо ҳазор мухлисони ҳунараш бо чашмони пуроб ва нолаи ҷонгудоз ин ҳунарманди асиро ба водии хомӯшон гусел намуданд.

Тобути ғарқи хуни ин ҳунарманди шаҳир даст ба даст гӯё парвозкунон мерафт ва таронаи “Меравам аз кӯйи ту бо ҷони пурғам хайрбод” дар фазо танин андохта, гӯиё бо ин сурудаш Кароматулло бо ҳама касоне, ки ӯ ва санъату ҳунарашро дӯст медоштанд, хайрбод мекард.

Ҳамагӣ 4 рӯз пас аз марги фоҷиавиаш, санаи 21- октябри соли 1992 бо фармони президенти мамлакат Кароматуллои Қурбон бо унвони Ҳунарманди Хизматнишондодаи Тоҷикистон мушарраф гардонида шуд, вале афсӯс, онҳое, ки аз ин саройи дудар бадар рафтанд, дубора бар намегарданд...

Ҳарчанд Кароматуллои Қурбон қариб 30 сол боз дар дили хоки сард маскан дорад, вале таронаҳои дилнавоз ва фарзандони номбардораш ёди ӯро дар дилу дидаи мардуми тоҷик абадан зинда медоранд.

Соли гузашта дар Коллеҷи мусиқии шаҳри Кӯлоб, ки ба номи Кароматуллои Қурбон номгузорӣ шудааст, ба поси хотири ин ҳунарманди асил нимпайкараи Кароматуллои Қурбон гузошта шуд.

Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ низ нимкайкараи Кароматуллои Қурбонро дар маркази ноҳия гузоштаанд ва мухлисони ин ҳунарманди асл бо гузоштани гулдастаҳо зери нимпайкара хотираи Кароматуллои Қурбонро пос медоранд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД