arzon replenishment
Фарзанди нохалаф (Қисми 1)
28.03.2022
ОИЛА
2335

 

Асрори давозаи баста

Собир шалпару лакот роҳ ҷониби хонааш гирифт. Рӯз аллакай бегоҳ шуда, пардаи шом мефаромад. Ба хона расида дарвозаро тела дод, вале дар кушода нашуд. Ҳайрон монд, охир ягон маротиба дарро маҳкам карда намешиштанд писару келинаш. «Ба ягон маърака рафта бошанд?» андешид мӯйсафед ва аз роғи дарвоза ба дарун нигарист. Даргирон набудани барқ шубҳаашро афзуд. Асабӣ шуд, рӯзи дароз мошин мешӯяд, то қути лоямуте пайдо кунад, фарзандони бепарвофалакаш бошанд, рӯзи дароз телевизор тамошо карда мешинад ва ҳатто хуши кушодани дарвозаро надоранд. Собир сахт ба ғазаб омада, дарро лагад зад.

-Ҳозир, ҳозир,-садои ношиносе баланд шуд аз хона.

Овози марди бегонаро аз манзилаш шунида дили Собир шуввӣ кард ва барқсон аз майнааш гузашт: «Ин мардаки бегона кӣ бошад? Дар хонаи ман вай чӣ мекобад?» Назди писарам омада бошад? Меҳмон бошад, чаро ба ҷойи соҳибхонаҳо даркушоӣ меояд?»

Риштаи хаёлоти Собирро кушода шудани дарвоза барканд. Ҷавонмарди ношинос ҳайрон-ҳайрон ба Собир нигариста пурсид:

-Ба Шумо кӣ даркор?

-Ту чиҳо гуфта истодаӣ?! Магар ман ҳуқуқи ба хонаи худам даромаданро надорам,-бонг зад Собир.

-Фаҳмидам. Собир ном доред?-пурсид мард ва мунтазири ҷавоб нашуда афзуд,-раиси маҳалла имрӯз дар бораи шумо хеле гап зад. Ҳа, гуфтагӣ барин, кай аз Россия омадед?

Собир аз ин гуфтугузор бештар асабонӣ шуда, дод зад:

-Ман Россия пасия нарафта будам. Лақ-лақи беҳуда накарда бигӯй, ки писару келинам куҷоянд! Ту худат кистӣ ва дар хонаи ман чӣ мекобӣ?

-Амак, хафа нашаведу писаратон ин хонаро ба ман фурӯхт!

-Чӣ хел фурӯхт? Худаш куҷост,-бемадорона пурсид Собир.

-Ба фикрам занашро гирифта ба Ӯзбекистон рафт!

Ҷумлаи охирро шунида мӯйсафед дилашро дошта ба замин афтид. Мардак саросема шуда Собирро бардошт. Пирамард беҳушу беёд буд. Соҳибхонаи нав доду фарёд бардошта, ҳамсараш ва ҳамсояҳоро ба имдод хост. Ҳамсояи девордармиёнашон аввалин шуда ба имдод расид ва болои сари Собир хам шуда пичиррос зад:

- Эҳ Собир, Собир! Ба ту чи шуд? Чашмонатро кушо охир, бародарҷон! Бигӯ, ки кай аз Россия омадӣ…

Собир чизеро намешунид. Ҳамсояҳо бад будани ҳолати мӯйсафедро дида, дарҳол ӯро ба беморхона бурданд. Духтурон беморро ташхис намуда, гуфтаанд, ки мардак сактаи дил шудааст ва агар каме дер мекарданд, мурданаш мумкин буд.

 

Дарди дил

 

Собир як ҳафта дар беморхона хоб кард. Ба аёдаташ танҳо ҳамсояҳо меомаданду халос. Духтару писараш ёди падари беморро намекарданд. Бераҳмии пайвандонаш як дарди мӯйсафедро сад дард мекарду шифоёбиаш тӯл мекашид. Баъди як моҳи табобат базӯр ба худ омад. Раиси маҳалла, ки ошнои деринаш буд ва ҳар рӯз аз ҳолу аҳволи Собир хабар мегирифт, рӯзе нақл кард, ки дар чанд моҳи набуданаш писараш «Дадам думболи як ҷавонзани фоҳишаро гирифта Россия рафт» гӯён, дар назди ҳаққу ҳамсояҳо ӯро хуб ганда кардааст ва гӯё аз шарми рафтори падараш хонаро фурӯхта ба Ӯзбекистон рафтааст. Собир ин тӯҳмати ноҳақро шунида қариб девона шуда буд. Духтур сӯзандору гузаронда базӯр ӯро ором намуд ва раиси маҳалларо ба утоқи дигар бурда саргузашти ин мардро пурсон шуд.

-Эҳ, дар вақташ ном ба номи ҳамин Собир буд,-оҳи сарде кашида ба нақли сарнавишти талхи мӯйсафед сар кард раис.

 

Бойбачаи мошинсавор

 

Ҳама бо ҳавас ба Собир менигаристанд, чунки он замон шоҳона зистан ҳунари ҳар кас набуд. Мошини «жигул»-и наппа навро бори аввал дар деҳа ҳамин Собир савор шуда мегашт. Мудири мағозаи хӯрокворӣ буд ва ба қавле дар рӯйи пул роҳ мегашт. Он замон аксари молҳо камчин буданду ҳатто вазирон ба Собир хушомад мезаданд, то корашонро буд карда, чизҳои дилхоҳашонро ёфта диҳад. Барои Собир ягон мол камёфт набуд. Гӯшту равған ва қанду конфетро дигарон як кило ним кило харанд, Собир халта-халта ба хона меовард. Ҳамсараш аҷаб зани биҳиштие буд. Нозу катагиро намедонист, дасти мададаш ҳамеша ба ҳамсояҳо мерасид. Соҳиби чор духтар буданд ва вақте ки фарзанди панҷумашон писар шуд, Собир аз хурсандӣ се шабу се рӯз тӯй карда, ба аҳли маҳалла ош дод. Аҷаб зиндагонии ширине доштанд, вале…

 

Касофати ҷанг

 

Нооромиҳо оғоз ёфтанду давлати Шӯравӣ пароканда шуд. Мағозаҳо якбора холӣ шуда монданд. Собир низ бекор монд. Духтаронашро аллакай хонадор карда буд ва ноором шудани вазъиятро дида, аз пайи зан додани писараш шуд, то ормонӣ намонад. Як ҳамкораш духтари шиносашро зиёд таърифу тавсиф менамуд ва Собир ҳамон хонумаро келин карданӣ шуд. Эҳ, кошкӣ ҳамон вақт ба гапи мо медаромаду ба чунин рӯзҳои сахт гирифтор намешуд!

 

Арӯси сад домод

 

Пас аз фотиҳа кардани арӯсаш рӯзе писари Собир бо ҷавони ношиносе дар назди масҷиди деҳа даст ба гиребон шуд. Умеди Собир, ки то он рӯз ягон маротиба касе овоз баланд карданашро нашунида буд, ҷавонро зери мушту лагад гирифта, сару рӯяшро хуншор намуд. Ҷавони ношинос ҳамоно даъво мекард, ки арӯси Умед зани бе никоҳи вай аст ва ҳатто чанд бор ҳомиладор шуда, исқоти ҳамл намудааст. Бо азоб ҷавононро аз ҳамдигар ҷудо намуда, моҷароро ба Собир нақл кардем. Бовар накарда гуфт, ки кадом душмане тӯйи писарашро вайрон карданист ва барои ҳамин он ҷавонро фиристодааст, то Умед аз арӯсаш даст кашад. Умед хотири падараш дигар аз пайи таҳқиқи ин масъала нашуд ва ҳамин тавр тӯй барпо гашт.

 

Чаро хола қаҳр кард?

 

Собир чунон тӯйи бодабдабае кард, ки даҳони аҳли маҳалла воз монд. Холаи Умед, ки духтури занона буд, пас аз дидани арӯс якбора қаҳр карда аз тӯйхона баромад ва аз ман хоҳиш намуд, ки ӯро ба хонааш барам. Ман, ки муносибати хуби зани Собирро бо ҳама хоҳаронаш медонистам, ҳайрон шудам, ки чаро холаи домод дар рӯзи тӯй ароз карда рафтанист. Раҳораҳ сабаби қаҳр карданашро пурсидам. Оҳи сарде кашида гуфт:

-Ако, агар қасам хӯред, ки ин сирро ба ягон кас намекушоед, мегӯям!

Савганд ёд кардам, ки гап байни ҳардуямон мемонад.

-Эҳ акоҷон, ду рӯз пеш духтаре бо модараш наздам омад ва пули калон дода, зорӣ кард, ки бакораташро барқарор намоям. Аз шефи корхонааш ҳомиладор шуда, чанд бор ҳатто кӯдакони ҳаромиашро исқоти ҳамл карда будааст ин духтари беҳаё. Гӯр нафси бад шавад, ҳирс зӯрӣ карду пули калонро дида, розӣ шудам ва бакораташро барқарор намудам. Имрӯз ба хонаи хоҳарам омада ҳамон фоҳишаи ҳаромро бо либоси арӯсӣ дар паҳлӯи ҷиянам дидаму ҳуш аз сарам парид. Тоқат накарда чи хел духтар будани келинашро ба апаам гуфтам, вале «кори шудагӣ шуд, ин гапро аз даҳонат набарор, ки шармандаи ду олам мешавем» гуфта ба даҳонам мӯҳр зад. Дигар тоқат накарда қаҳр карда аз тӯйхона баромадам!

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД