Фаррух Ҳасанов, сарояндаи ҷавон ва хушовози тоҷик, ки ба наздикӣ дар озмуни «Ну-ка, все вместе!»-и шабакаи телевизионии “Россия-1” ғолиб омада буд, бо шоҳҷоиза ва 5 миллион рубли русӣ ба Ватан баргашт.
Шоми 28-ноябр Фаррух Ҳасановро дар фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, волидон, наздикон, пайвандон ва мухлисону ҳаводорони сершумораш пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ин сарояндаи 25-солаи тоҷик дар мавсими 5-уми ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!»-шабкаи телевизиони «Россия-1»-и Русия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гашт. Озмуни мазкур бори 5-ум аст, ки дар шабакаи телевизионии «Россия 1» намоиш дода мешавад. Мавсими навбатии он 8-сентябри соли 2023 оғоз ёфта буд ва Фаррух Ҳасанов дар он маҳорати баланди сарояндагӣ нишон дода, ба финал баромад. Дар даври финалӣ низ ин овозхони ҷавони тоҷик ҳайъати ҳакамонро бо ҳунару маҳорати волояш мафтуни хеш гардонида, соҳиби Шоҳҷоиза ва 5 000 000 рубли русӣ гашт.
Овозхонҳои машҳури Русия-Филипп Киркоров, Николай Басков, Сергей Лазарев ва дигарон ба ҳунари сарояндагии Фаррух Ҳасанов баҳои баланд доданд. Фаррух дар маросими ҷоизагирӣ иброз дошт, ки ин дастоварди худро ба Ватанаш мебахшад.
«Ман бо ин дастовард бори дигар исбот намудам, ки мардуми тоҷик дар ҳақиқат соҳиби фарҳангу маърифати баланд ва маҳорату истеъдоди хосса мебошанд»,-гуфт бо ифтихор ин ҳунарманди тоҷик. Ба иттилоъи “Ховар” Фаррух Ҳасанов 20-уми июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ ҳамчун овозхон нахустин маротиба дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни «Central Asia Got Talent» муаррифӣ шуда, маъруф гашт. Дар ин озмун Фаррух бо талош ва пешниҳоди устодаш-Зафар Абдуалимов иштирок намудааст.
Фаррух Ҳасанов соли 2022 сазовори ҷоизаи озмуни миллии «Tarona Music Award» гашта буд.