Oila Navruz
ФАРАНГИС МАРО МЕКУШАД!
29.01.2021
ОИЛА
4978


Фарангис, ишқи осмониям ду соли дароз аст, ки ,маро аз пасат овора кардааст. Чаро боре овои диламро намешунавӣ?! Ҳар боре ту қошу қавоқ андохта маро аз худ дур месозӣ, девона мешавам. Як бор сухани хубатро мешунида бошам? Бо дили зору ҳайрон ишқро дар қафаси синаам то кай пинҳон мекунам? Як бор раҳми ҷони маро хӯр!

Сӯи донишгоҳ бо саду як орзуву умед мешитобам, то тӯи фариштарӯро бубинам, вале… рӯйтобиву панаҳ шуданатро дида, ҷигарам хун мешавад. Орзу дорам, ки туро арӯс карда ба деҳа барам ва зиндагии ширинамонро оғоз кунем. Чаро ба ман бовар намекунӣ. Намедонам туро чи дилест, ки ҳадяи худоӣ, яъне ишқро қабул кардан намехоҳӣ. Ман аз дигарон магар камам?

Қадам паст аст, шояд аз ҳамин шарм медорӣ? Ин фикрат хатост, духтар! Агар маро нахоҳиву бо дигаре
аҳди ишқ бубандӣ, бидон, ки то охири умр хушбахт намешавӣ, зеро оҳи дили сӯхтаам мегирадат!

Ало духтар, биё бар мурдани ман,
Ду дастат хам бикун дар гардани ман.
Ду дастат хам бикун аз баҳри ёрӣ,
Худо осон кунад, ҷон кандани ман!
Алиҷон, н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД