Яке аз домодҳои серхаридори тоҷик, сарояндаи ҷавони умедбахш Фараҳманд Каримов ниҳоят аз байни садҳо арӯс маликаи худро пайдо кард. Овозаҳо дар бораи бо кӣ хонадор шудани Фараҳманд хеле зиёд буданд, вале...
Маълум шуд, ки сарояндаи ҷавону умед ва маҳбуби дили миллионҳо зебосанамони кишвар Фараҳманд Каримов имрӯз тӯйи домодӣ дорад. Фараҳманд маликаи орзуҳояш, яъне духтари дӯстодоштаашро ба занӣ мегирад.
Фараҳманд маросими хонадоршавияшро дар яке аз тарабхонаҳои машҳури шаҳри Хуҷанд барпо менамояд. Ин овозхони шинохта ҳамсарашро худаш интихоб намудаст.
Ёдовар мешавем, ки Фараҳманд Каримов ҳанӯз хеле ҷавон аст, вале аллакай бо сурудҳои дилнишину ҷаззобаш миёни мардум шӯҳрати зиёде пайдо намудааст. Фараҳманд ҷияни Шоири Халқии Тоҷикистон Озарахш мебошад.