Фараҳманд Каримов сарояндаи ҷавону маҳбуби тоҷик аст, ки бо садои фораму сурудҳои дилнишин дар дили хурду калон маъво гирифтааст.
Ин сароянда ду рӯз қабл таронаи навашро бо номи “Моҳи тобон” дар ютуб-канали хеш пешкаши ҳаводорони савту наво гардонд, ки дар як шабонарӯз зиёда аз 20 ҳазор нафар онро тамошо кардаанд.
Таронаи мазкур моли шодравон Боймуҳаммад Ниёзов буда, Фараҳманд онро бозхонӣ кардааст. Матни суруд аз Муҳаммад Аминхоҷаи Кошиф, оҳанг аз Боймуҳаммад Ниёзов аст. Коркарди мусиқӣ аз оҳангсози шинохта Зайниддин Каримов мебошад.
Фараҳманд Каримов зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj чунин қайд намуд: “Айни ҳол дар Туркия ҳастам. Ба ин ҷо ҳам барои истироҳат ва ҳам барои корҳои эҷодӣ омадам. Худо хоҳад, дасти холӣ барнамегардам. Мухлисон интизори сурудҳои ҷадид бошанд. Умедворам ба ҳамаи онҳо писанд меояд”.