Arzon march 2024
ФАРАҲМАНД КАРИМОВ: ДАР ЗИНДАГӢ ҒУРУР ЛОЗИМ АСТ, АММО...
2653

 

 

Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Фараҳманд Каримов.

Сол ва ҷои таваллуд: 26.05.1996, ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Касб: оҳангсоз, ҳунарманд ва овозхон.

Вазъи оилавӣ: муҷаррад.

Фараҳманд аз зумраи он санъаткоронест, ки сабку услуби хониши ба худ хосро дорад. Номи ӯ чор сол қабл замоне вирди забонҳо шуд, ки бо Исмоилҷон Исмоилов рэп-таронаи “Оҳи дили зор”-ро нашр кард. Фишурдаи суҳбати овозхонро аз барномаи “Нигоҳи нав”дар зер мутолиа намоед.

-Фараҳманд, то ҷое ман медонам, шумо аз кӯдакӣ суруд мехондед. Соли 2011 дар озмуни “Овози тиллоӣ” иштирок кардеду баъдан ба Туркия ҳам рафтед, аммо суруди “Оҳи дили зор”-ро соли 2017 баровардед, 5-6 сол фосила барои чӣ буд?

-Фикр мекунам, ки давраи гузариши овози ман буд, ба ҳамин хотир, хомӯш будам.

-Чаро шумо фарёд карда, суруд мехонед?

-Соли 2012, қабл аз он ки дар озмуни ҷаҳонии “Сурудҳои туркӣ” дар шаҳри Истанбул иштирок кунам, қариб як сол ҳам забони туркиро меомӯхтам ва ҳам машқи овоз мекардам. Чунон ба дунёи мусиқӣ ворид шуда будам, ки чӣ хел ба ин сабк одат кардам, худам намедонам. Баъд аз он ки як-ду сурудам рӯи кор омад, атрофиён “Чаро ту дод зада, суруд мехонӣ?” мегуфтанд, аммо ин дар назари худам наменамуд. Дар охир ба қароре омадам, ки фақат сурудҳои ошиқона мехонам ва албатта, бо овози баланд.

-Дигар сарояндаҳо вақте ба саҳна мебароянд, сабку услуби хониши худро оҳиста-оҳиста интихоб мекунанд, аммо шумо яку якбора бо услуби хоси худ ба саҳна баромадед. Барои пайдо кардани ин услуб кӣ ба шумо кӯмак кард?

-Аслан, ман дар гузашта сурудҳои зиёд хондаам, аммо вақте ки суруди “Оҳи дили зор” паҳн шуд, баъд ман фаҳмидам, ки соҳиби услуби хоси худ будаам. Ба ин равия “рэп-тарона” ном ниҳода, хонданро идома додам.

-Амакатон устод Озарахш оиди матни сурудҳоятон эрод мегиранд?

-Вақте суруди “Оҳи дили зор” баромад, он кас маро наздашон даъват карда, барои бо лаҳча хонданам сарзаниш карданд ва гуфтанд, ки “Рэп хонӣ ҳам, адабӣ хон”. Ман “Хуб шудааст” гуфтаму боз як суруди дигарро бо лаҳча хондам. Ин дафъа ба падарам занг зада гуфтаанд, ки “Писаратро назорат кун”. Баъди ин равияи хониши худро камакак дигар кардам.

-Қаблан дар Театри тамошобини наврас ба ҳайси ҳунарманд фаъолият мекардед, ҳоло чӣ?

-Соли 2011 фаъолияти ман оғоз шуда буд ва қариб ҳафт сол дар театри номбурда дар зиёд намоишномаҳо нақш офаридаам. То замони ба театр омаданам бисёр бачаи оромтабиат будам, аммо баъд бо шарофати театр каме шӯх ва озод шудам.

-Пас, чаро мисли дигар ҳунармандон дар филмҳо нақш намеофаред?

-Се-чор сенария пешниҳод карда буданд, аммо ба ман писанд наомаданд. Агар пешниҳоде шавад, ки писанд бошад, ҳатман бозӣ мекунам.

-Ба фикри шумо кадом қишри ҷомеа бештар сурудҳоятонро гӯш мекунанд?

-Қаблан сурудҳои маро бештар мактаббачаҳо гӯш мекарданд, аммо аз вақте ки бо маркази продюсерии “Panjsher Media” корро сар кардаам, бо боварӣ гуфта метавонам, ки калонсолон низ маро гӯш мекунанд.

-Шумо қаблан рэп месароидед, имрӯз рэп дар зиндагии шумо чӣ нақш дорад?

-Ман то ҳол рэп гӯш мекунам, ба шарте ки мазмуни баланд дошта бошад.

-Фараҳманд, шумо кай фарбеҳ мешавед?

-Рости гап, ин савол як қисми зиндагии ман шудааст (механдад), аммо чӣ кунам, ки фарбеҳӣ писандам нест. Як вақт каме фарбеҳ шуда будам, худамро вазнин ҳис кардам ва ба қароре омадам, ки фарбеҳӣ хоси ман нест.

-Боре ҳам номатонро дар “Google” ҷустуҷӯ кардаед?

-Бале, як маротиба баъди дар озмуни “Овози тиллоӣ” иштирок карданам ин корро карда будам. Он замон фақат Фейсбук доштаму халос. Вақте номамро дар “Google” ҷустуҷӯ кардам, ғайр аз Фейсбукам чизи дигаре набаромада буд (механдад).

-Кӯдакии Фараҳманд чӣ гуна гузаштааст?

-Як кӯдаки фарбеҳаки сип-сиёҳак будам. Кӯдакиям то 4-солагиам дар зодгоҳам деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ гузаштааст. Баъдан мо ба шаҳри Хуҷанд кӯчидем.

-Зери мафҳуми ғурур чиро мефаҳмед?

-Дар зиндагӣ ғурур лозим аст, аммо ғурури нозарур лозим нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД