Formula novemver 2024
Фараҳманд Каримов дар шаҳри Истамбули Туркия консерт медиҳад?
1614


Фараҳманд Каримов овозхони шинохтаи тоҷик, ки дар як муддати кӯтоҳ бо таронаҳои марғубаш дар шоу-бизнес мавқеи хоси худро пайдо карда буд, чанд вақт боз дар саҳна ҳунарнамоӣ намекунад.

Барои муайян кардани сабабиб дур шудани Фараҳманд аз саҳнаи ҳунар мо ба продюссери ҳунарманд Махсумзода Элмурод занг задем.

 

-Элмурод, чаро вақтҳои охир Фараҳманд Каримов дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нест? Оташи шавқаш ба санъат хомӯш гашт ё ягон кори сердаромадтар ёфтааст?

-Аслан бояд 9-уми сентябр бахшида ба ҷанши 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фараҳманд консерт медод, аммо барномаро ба таъхир гузоштем, зеро охири моҳ мо бояд ба Истамбул сафар кунем.

-Фараҳманд он ҷо консерт медиҳад ё дар ягон филмитуркӣ нақш мебозад?

-Не, нақшаи мо тамоман дигар аст. Сафоратхонаи Тоҷикистон моро ба шаҳри Истамбул даъват кардааст. Аз фурсат истифода бурда, дар он ҷо клипҳои нави Фараҳмандро ба навор гирифтан мехоҳем.

-Дар чанд муддати аз саҳна дур буданаш Фараҳманд ягон клипи нав сабт накардааст?

-Албатта кард, магар бе ин мешавад?! Дар Хуҷанд ва дар шаҳри Тошкент ду клипи нав сабт намудем, ғайр аз ин, қисми дуюми клипи таронаи “Борон-Борон” омода аст. Худо хоҳад, Фараҳманд моҳи октябр клипҳои ҷадиди худро ба мухлисонаш пешкаш мекунад.

-Барои сӯҳбат як ҷаҳон ташаккур! Саломи моро ба Фараҳманд расонед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД