Фараҳманд Каримов аз зумраи он ҳунармандони ҷавону боистеъдоди тоҷик мебошад, ки мухлисони сершумори худро доранд.
Таронаҳои ин сарояндаи хушзавқро дар ютуб ҳазорон нафар тамошо карда, дар зери сурудаҳои дилошубаш суханони пур меҳр ва аз ихлосу самимият менависанд. Рӯзе қабл Фараҳманд таронаи навашро бо унвони “Аз ту дур” ба дилбохтагони савту наво пешкаш намуд. Таронаро дар як шабонарӯз қариб 60 ҳазор нафар тамошо кардаанд.
Клиптаронаи мазкур дар дар ҳавои боронӣ сабт гардидааст. Нақшҳои асосиро дар ин клип-тарона ҳунармандони машҳури тоҷик Қурбони Собир, Сироҷиддин Ғафурӣ ва Хадича Мустафоева бозидаанд.
Ёдрас мешавем, ки Фараҳманд Каримов рӯзи 1-уми сентябр бори аввал дар Қасри “Ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри бостонии Хуҷанд шоу- консерти худро таҳти унвони “Зангулаи ишқ “ баргузор менамояд. Дар ин барномаи рангини консертӣ овозхони ҷавон таронаҳои ноби ба қавли маъруф “ҳанӯз об нарасида”-и худро ба мухлисонаш пешкаш карданист.