Эрон расман талаби пӯшидани ҳиҷобро ба занону духтарон лағв кард. Ба гуфтаи Муҳаммадризо Баҳонар, узви Маҷмааи ташхиси маслиҳати низоми Эрон, аз ин ба баъд барои напӯшидани сатру ҳиҷоб занонро музоҷот ва ҷарима намекунанд.
"Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва додгоҳӣ қонуни ҳиҷоб дигар қобили иҷро нест. Пӯшидани ҳиҷоб дар Эрон минбаъд аз лиҳози қонунӣ ҳатмӣ нест ва ҳеҷ гуна ҷарима, муҷозот ва ё пайомадҳои дигар нахоҳад дошт. Агар кормандони пулис мушкиле эҷод намоянд, ҳамин гапро ба онҳо бигӯед”,- тавсия додааст Баҳонар ба занону духтарони эронӣ.
Мавсуф маъкид кардааст, ки ҳар як кишвар қоидаҳои либоспӯшии худро дорад ва бояд ба онҳо эҳтиром гузошта шавад.
Иддае аз намояндагони ҷомеа ба тарафдории ҳиҷоби ҳатмӣ идома дода, дар назди бинои парлумон тазоҳурот мекунанд, аммо ҳукумат хулосаи худро дар бораи даст кашидан аз қонунӣ будани пӯшидани ҳиҷоб дигар карданӣ нест.
Қаблан президенти Эрон Масъуд Пизишкиён низ изҳор намуда буд, ки занону духтаронро ба таври маҷбурӣ ба пӯшидани ҳиҷоб водор намудан бесамар аст.
Аммо бояд гуфт, ки лағви талаботи ҳатмӣ набудани пӯшидани ҳиҷоб маънои комилан аз байн рафтани қонуни ҳиҷобро надорад. Акнун занону духтарони эронӣ худашон тасмим мегиранд, ки ҳиҷоб пӯшанд ё не.