Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ҷавону ободкори шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз боз як иқдоми бунёдкорона намуда, хишти аввалини бинои нави Вазорати фарҳанги Тоҷикистонро гузоштанд.
Бинои нави Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили сомонии пойтахт бунёд меёбад. Сарвари давлат ва раиси шаҳр имрӯз санги аввалро дар зербино (фундамент)-и ин бинои нави замонавӣ гузоштанд, ки бо тарҳи хеле зебо ва ҷаззоби муосир сохта мешавад. Дар ин бора телеграм канали RustamEmomali бо нашри чанд акс хабар додааст...