Arzon march 2024
Эмомалӣ Раҳмон: Бонувони тоҷик аз насли занони қаҳрамони ориёиянд
297

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Кохи Борбад дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок намуда, ба нақши занону духтарони тоҷик дар пешравии тамоми соҳаҳои ҳаёт балои баланд доданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сароғоз тамоми бонувони кишварро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат зан-модарро рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар номиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомат ва бо камоли қадршиносӣ таҷлил намудани ин ҷашнро нишонаи эътибору эҳтироми хоссаи давлату роҳбарияти кишвар нисбат ба модарону бонувони азиз маънидод намуданд.

Роҳбари давлат оид ба бузургии модар, мақому манзалати занон дар ҷомеа ва дигар хислатҳои нодири ин олиҳаи зиндагӣ андешаронӣ намуда, нақши модари тоҷикро дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату соҳибҳунар, рушди маънавии оила ва ҷомеа, инчунин, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободиву пешрафти давлати тоҷикон бисёр арзишманд унвон карданд.

Таъкид гардид, ки модарону бонувони тоҷик сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон кумак ва саъю талошҳои зиёд карданд.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, занону бонувони муосири тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд.

“Зане, ки босавод ва соҳибмаърифату соҳибҳунар мебошад, илова ба тарбияи фарзанд, дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми арзишманд мегузорад”,- иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД