Ҷудокори тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ, ки моҳи август дар Олимпиадаи Париж захм бардошта буд, дар мусобиқаи “Russian Judo Tour” медали тилло ба даст овард.
Мусобиқаи “Russian Judo Tour” рӯзҳои 21-22-юми декабр дар пойтахти Россия - шаҳри Маскав баргузор гашта, дар он 185 нафар варзишгарон аз Русия, Бразилия, Юнон, Канада, Кипр, Куба, Молдова, Муғулистон, Руминия, Сербия, Словения, Исроил, Эрон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Фонди ҷоизавии мусобиқа 11,2 миллион рубли русиро ташкил дода, барандаҳои медали тилло 400 ҳазор, нуқра 200 ҳазор ва биринҷӣ 100 ҳазор рубл ба даст оварданд.
Тоҷикистонро дар ин сабқати варзишӣ 6 нафар варзишгарон - Муҳаммадсолеҳ Қувватов (- 60 кг), Нуралӣ Эмомалӣ (- 66 кг), Муҳиддин Асадуллоев ва Муҳаммадин Лоиқов (- 73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов (- 100 кг) намояндагӣ карданд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷудокорони тоҷик дар ин мусобиқа маҳорати хуби варзишӣ нишон дода, як медали тилло ва як медали нуқра ба даст оварданд. Аз ҷумла Эмомалӣ Нуралӣ баъди ҷароҳати моҳи августи соли равон дар Олимпиадаи Париж бардоштааш, боз соҳиби медал гашт. Эмомалӣ баъди шикаст додани ҳарифонаш аз Русия, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба финал баромада, дар даври ниҳоӣ бо Муҳриддин Тиловов аз Ӯзбекистон куштӣ гирифт ва ӯро шикаст дода, соҳиби медали тилло ва 400 ҳазор рубли русӣ гашт. Варзишгари дигари тоҷик Кароматулло Ҳакимов пас аз шикаст додани ду рақибаш аз Русия ба финал роҳ ёфт, вале дар даври ниҳоӣ аз варзишгари рус Денис Коротаев шикаст хӯрда, медали нуқраи мусобиқа ва 200 ҳазор рубл ба даст овард.