Бо фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музди меҳнати кормандони соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба андозаи 40% баланд гардид.
Дар пайравӣ ба ин иқдом шуруъ аз 1-уми июли соли равон бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маоши устодону кормандон дар ҳаҷми 10% аз ҳисоби маблағҳои махсус зиёд карда шуд. Ин нуктаро Эмомалӣ Насриддинзода, ректори ДМТ зимни нишасти хабариаш баён дошт.
Ректор гуфт, дар ин баробар, бо қарори Шӯрои олимон омӯзгорону кормандони асосии донишгоҳ, ки дар соли 2024 рисолаҳои номзадиву доктори фалсафа (доктор аз рӯйи ихтисоси Рh.D), докторӣ ва доктор ҳабилитат ҳимоя менамоянд, мувофиқан 20 000 сомонӣ ва 30 000 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
“Айни замон дар 126 кафедраи донишгоҳ (119 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ) 1316 нафар омӯзгор (12 нафар академики АМИТ ва 17 нафар узви вобастаи АМИТ), аз ҷумла 218 нафар доктори илм, профессор, 695 нафар номзади илм, дотсент барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Ҳамчунин, 403 нафар боқимондаро ассистентҳо, омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ ташкил медиҳанд, ки аз ин теъдод 73 нафарро омӯзгори дорои дараҷа ва унвони илмидор ташкил медиҳад”,- қайд кард ректор.
Таъкид шуд, ки дар донишгоҳ 913 омӯзгори штатии дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият доранд, ки 66,93% омӯзгорону кормандони асосии донишгоҳро ташкил медиҳанд ва ин шумора яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мебошад.