arzon replenishment
ЕГОР КРИД КОРЕ КАРД, КИ БА МАРД НАМЕЗЕБАД
1324

 

Егор Булаткин, овозхон ва ҳунарманди 26-солаи русро мухлисонаш ба хотири ранг кардани нохунҳояш зери тозиёнаи танқид гирифтаанд. Аз расмҳое, ки овозхон вақтҳои охир дар саҳифаи Инстаграмаш нашр мекунад, дида мешавад, ки нохунҳои дасташ ранг карда шудаанд.

“Егор, дар гузашта ҷавони зебо ва арзандае будӣ. Ҳоло бо худ чӣ кардӣ? Ин ба ту чӣ лозим буд?”,-навиштааст корбаре бо номи Оксана. “Баъди ранг кардани нохунҳоят, боз чӣ кор кардан мехоҳӣ? Умедворам, ки куртаи занона намепӯшӣ”,-изҳори нигаронӣ кардааст нафари дигаре. “Егор, ин кор ба мард намезебад”,-илова кардааст корбари дигаре бо исми Юлия. Дар зери расмҳои нашркардаи Егор Крид ҳазорҳо чунин шарҳҳоро хондан мумкин аст, вале то ҳол худи овозхон ба гуфтаҳои мухлисон ва корбарони шабакаи Инстаграмаш ба таври расмӣ вокунише нишон надодааст.

Егор Крид соли 2011 бо тахаллуси “KReeD” ба саҳна баромада, имсол аз оғози фаъолияти эҷодиаш 11 сол пур мешавад. Ҳамчунин, овозхон яке аз маъруфтарин ва маҳбубтарин чеҳра дар шоу-бизнеси рус мебошад, ки даромади солонааш наздики 5 миллион долларро ташкил медиҳад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД