Шоми дирӯз дар назди Кохи Суруш мардуми зиёд ҷамъ омада буданд. Чун дар ин рӯз Чорумин маросими ҷоизасупории мусиқавии “Hamsado Music Awards” баргузор мегардид. Пеш аз оғози чорабинӣ тамоми ситораҳои санъатро Макс Қосимов, ровии хушсадо, бо тантанаи махсус дар даромадгоҳ пешвоз гирифта, бо онҳо дар бораи кор ва фаъолияташон сӯҳбат мекарданду бо ҳамаи онҳо акси хотиравӣ мегирифт.
Баъд аз пешвозгириву ҷойгир шудани тамошобинон Беҳрӯз Насриддинов ва Ҷамила Назарова чорабиниро бо суханҳои зебои худ оғоз карданд. Пас аз аз суханронӣ сараввал бо лисбосҳои миллӣ як рақси дилангезро пешкаши мухлисон гардониданд. Баъдан, бо навбат ҳамаи сарояндагони шинохтаи тоҷик: Зулайхо Маҳмадшоева, Ҷонибек Муродов, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Мино Баҳруллоева, Мубориз Усмонов, Ёсамин Давлатова, Соро Аҳмадова, Меҳнигори Рустам, Ҷамшед Исмоилов, Михаил Ломоносов, Чоршанбе Аловатов, Хайриддини Шариф, Фаррух Ҳасанов, Нишонаи Рустам, Дилшоди Файзулло ва дигарон бо навбат сурудҳои тару тозаи худро сароида, ҷойизаҳои худро гирифтанд.
Инчунин, иштирокчиён дар рафти чорабинӣ аз хислатҳои хубу шахси пурмасъул будани собиқ директори радиои “Ҳамсадо”, журналист ва ровии бомаҳорати тоҷик шодравон Фариддун Хайруллозода ёдовар шуданд, ки дар чашми ҳамагон ашк ҷорӣ шуд.
Чорабинӣ хеле дар сатҳи баланд баргузор гардид.