arzon replenishment
Ёде аз Тоҷиддин Муҳиддинов
16.02.2025
О. НОЗИР
448

2-юми феврал мавлуди сарояндаи номвар Тоҷиддин Муҳиддинов буд. Ҳазорон нафар мухлисони ин ҳунарманди машҳур дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри сурудҳо ва меҳрномаҳо аз ӯ ёд карданд. Ин аст ҷовидонагӣ ва намирандагӣ. Аз марги Тоҷиддини Муҳиддин чанд даҳа гузашт, вале дар хотираи мухлисон ӯ зиндаву ҷовид мебошад. Чун дар арафаи 65-солагии ансамбли “Гулшан” қарор дорем, ёде аз ин ҳунарвари номвар мекунем...

Дуэт бо Муқаддас

Вақте номи Тоҷиддин Муҳиддиновро ба забон меорем, нахустин чизе, ки ба ёд меояд, боғи зебову арғунчак аст. Бале, ҳамон арғунчаке, ки Муқаддас рӯйи он алвонҷ мехӯрад ва ин суруди зебо садо медиҳад:

Тоҷиддин:

Дилдор ба ман гуфт, чаро ғамгинӣ? Ҷон!

Дар банди кадом дилбараки ширинӣ? Ҷон!

Муқаддас:

Баргаштаму оина ба дасташ додам,

Гуфтам, ки дар оина киро мебинӣ? Ҷон!

Ҳар ду:

Ҷон лай-лай-лай дилум кабобай,

Ҷон лай-лай-лай дилум кабобай.

Ду чашми дилбарум ҷоми шаробай,

Оҳ рубобай, дил кабобай,

Оҳ рубобай, дил кабобай…

Ин шеваи иҷро кардани суруд, яъне ҳам нақш бозидан ва ҳам сароидан дар санъати тоҷик комилан нав буд, бинобар ин, ин дуэт дар замони худ хеле шӯҳратёр шуд ва то имрӯз тамошобин онро бо муҳаббат гӯш мекунад… Ин суруди ҳамадавру замонҳо ва ҳама наслҳост…

Булбулаке аз Ҳисори шодмон

Тоҷиддин Муҳиддинов 2-юми феврали соли 1949 дар деҳаи Мортеппаи Ҳисор таваллуд шуда, ҳанӯз аз кӯдакӣ шефтаи санъати сарояндагӣ буд.Аллакай дар синни 13- солагӣ Тоҷиддин рубоби қошқарӣ менавохту суруд мехонд.

Соли 1963 дар шаҳри Душанбе озмуни ҳунармандониҳаваскор баргузор шуд ва Тоҷиддини сарояндаю навозанда дар он ширкат кард. Ӯ аз Ҳисор ба ҳакамони ин озмун як суруди ширу шакарро аз эҷодиёти шоир Ҳабибуло Назаров армуғон оварда буд:

Эй нигори хушлатофат, лаъли хандон, ургулай,

Зиннатафзои диёрам, дилбари ҷон, ургулай.

Фарроши мактаб

Тоҷиддин пас аз хатми мактаби миёна на ба риштаисанъат, балки ба шӯъбаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ҳуҷҷат супорид ва таҳсилро оғоз намуд, аммо пасаз як сол падараш – ягона ноновари хона ҷаҳонро падруд гуфт. Тоҷиддин маҷбур шуд, ки таҳсилро раҳо карда, аз пайитаъмини оила шавад. Ӯ дар деҳаи Мортеппа фарроши мактабе шуд, ки онро хатм карда буд…

Бозгашт ба санъат                                          

Фаррошии ӯ дар мактаб ду сол давом кард, аммо дар ин миён ҳодисае ба вуқуъ пайваст, ки тақдири Тоҷиддинро дигар хел рақам зад.

Соли 1967 дар шаҳри Душанбе фестивали театрҳои халқӣ баргузор мешуд ва Театри халқии Ҳисор «Раъно» ном асари Султон Саидмуродовро барои ширкат дар ин фестивал ба саҳна гузошт. Тоҷиддинро барои иҷрои нақши писарбачаи камбағал – Кабир дар ин намоишнома даъват карданд.

Зиндагии Кабир хеле риққатовар аст. Падарашробосмачиён куштаву худи вай бо ҳезумкашӣ модару бародарашро саробонӣ мекунад.

Кабир аз душвориҳои зиндагӣ нолида месарояд:

«Эй падарҷонам, нагуфтӣ ҳоли фарзандам чӣ шуд?»

Вақте Кабири Тоҷиддин дар толори Театри Маяковский ин сурудро месароид, толор мегирист…

Ҳамин тавр, истеъдоди фавқулодаи Тоҷиддинро дида, ӯро ба Филармонияи Давлатии Тоҷикистон ба кор даъват намуданд. То ин вақт Тоҷиддиналлакай «Фуруғи гулшан» (матни Ҳабибулло Назаров), «Шамъи шамшодқадам» (матни Аминҷон Шукӯҳӣ), «Мусттазод» (Туғрал), «Ин чӣ шурест» (Ҳофиз)-ро худаш оҳанг баста месароид, яъне ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон сарояндаи навкор не, балки ҳофизи таҷрибдор ба кор омада буд…

Гули нав дар «Гулшан»

Соли 1974 роҳбарияти ансамбли эстрадии назди Кумитаителевизион ва радиои кишвар Тоҷиддинро ба кор даъват намуданд. Бо омадани

Муқаддас Набиева ва Тоҷиддин Муҳиддинов «Гулшан» шукуҳи тоза касб кард. Тоҷиддин дар суруд аз имкониятҳои асбобҳои мусиқии эстрадӣ, ба монандаи саксафон, ғиҷак, труба, трамбон, флейта, гитара ва асбобҳои зарбӣ ба таврикомил ва васеъ истифода бурда, дар санъати тоҷик навгонӣ ворид кард. Бурди дигари Тоҷиддин дар он буд, ки ба ҷуз сароидан вай ба образ даромада, дарсаҳна нақш мебозид. Мисоли равшанаш «Лайло, Лайло» ва чанд дуэти дигари бо Муқаддас Набиева сурудаи Тоҷидидин ва дигар сурудҳои дилписандаш аз қабили интарона аст:

Бо як нигаҳ аз раҳ бизади тифли диламро,

Мижгонсияҳо, чашмаки шайтоната садқа…

Сурудҳои иҷрокардаи ӯ «Республикаи ман», «Модар», «Баҳори умр», «Сухан аз даҳонам афканд», «Сухани ошиқ», «Хуморӣ мешавад»,«Фалак», «Санам», «Тарки ёрӣ», «Коми дил», «Эй боди бомдодӣ», «Фироқи ёр», «Шодиёна», «Ҷони ширин» ва ғайра ба қалби мардум роҳ ёфта, Тоҷиддин Муҳиддинов ба сарояндаи дӯстдоштаи хосу ом табдил ёфта буд ва ҳатто Фазлиддин Муҳаммадиев барин нависандаи маъруф асрори шӯҳрат ва маъруфияти «Гулшан»-ро дар Тоҷиддин ва Муқаддас медид.

Чаро Тоҷиддин аз «Гулшан» рафт?

Соли 1979 Тоҷиддин унвони Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистонро гирифт, аммо ин ба бисёриҳо маъқул нашуд ва боиси аз Ансамбл рафатан, аниқтараш ронда шуданиин сарояндаи булбуловоз ва номдор гашт. Аммо ин рафтан дер давом накард.

«Гулшан»-ро бе Тоҷиддин тасаввур кардан душвор буд, аз ҳамин хотир соли 1980 ӯро дубора ба ансамбл баргардониданд, аммо зиддият, душманӣ ва ихтилофҳои зиёд сабаб шуд, ки соли 1986 Тоҷиддин Муҳиддинов дубора ва бе бозгашт аз «Гулшан»равад.

Эҷодкор шахси ҳассос ва нозук аст, мисли гул. Таваҷҷӯҳ набошад, меҳрубонӣ набинад, хазон мешавад. Тоҷиддин ҳам рӯз аз рӯз хазон мешуд,аммо касе ба ӯ таваҷҷӯҳ намекард, на роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио, ки солҳо он ҷо кор карда буд ва на роҳбарияти Вазорати фарҳанг. Ҳунарманд ба олами фаромӯшӣ афтида, мисли шамъ оҳиста- оҳиста сӯхта, тамом мешуд, вале касеро парво набуд…

Таҳқири ҳунарманд

Солҳои охири умраш Тоҷиддин Муҳиддинов дар Иттиҳодияҳои консертӣ фаъолият мекард. Яке аз дӯстони наздики Тоҷиддин Муҳиддинов мегӯяд, ки «роҳбарияти Вазорати фарҳанг Тоҷиддинро хуш надоштанд». Як рӯз Тоҷиддин Муҳиддинов ба кор дер мекунад ва роҳбари навтаъсис аз бетаваҷҷӯҳӣ ба Тоҷиддин сӯйистифода карда, дар ҳузури ҳамкорон ба сари Тоҷиддин фарёд мезанад:

-“Кай вақте хоҳӣ ба кор меоӣ, кай вақте хоҳӣ меравӣ?! Ин ҷо барои ту бозор не”!

Тоҷиддин базӯр оташи ғазабашрофурӯ нишонда, мегӯяд:

-“Мебахшед, ман аз роҳи дур, аз Ҳисор ба кор меоям…

-Ба ман фарқаш не!” - дод мезанад роҳбар.

Тоҷиддин ҳам инони ихтиёр аз даст дода, ба сарироҳбари нав фарёд мезанад:

-“Мо хизматамонро дар назди халқ кардагӣ… бигзор…

-Ту дар назди ман касе нестӣ”! — ҳарфи Тоҷиддинро бурида, мегӯяд он сароянда, ки баъди роҳбар шудан буҷулаш асп хеста буд.

Магар дуруст буд, чунин рафтор кардан бо ҳунарманд?! Ин воқеаҳо ҳунармандро афгормекарданд.

Ғуруби ситораи ҳунар

Лаҳзаҳои вопасини умри Тоҷиддин Муҳиддинов душвор буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъи бади санъат ӯро бемор карда буд. Диабети қанд вуҷуди ин ситораи санъатро хӯрда, ӯро нобуд мекард. Ҳамсари Тоҷиддин рӯзи охирини умри шавҳарашро чунин нақл мекунад:

-“Бегоҳии 8 январи соли 1997 аҳли оиларо гирди дастурхон ҷамъ овардем. Он рӯз қанди Тоҷиддин хурӯҷ карда буд, аммо дар ҳузури фарзандон ӯ сир бой надода, мудом ханда мекарду шӯхӣ менамуд. Субҳи 9-уми январ ҳолаташтамоман бад шуд ва соати 11-и ҳамон рӯз вай моро абадан тарк кард…».

Тоҷиддин Муҳиддинов рафт, вале аз худ як кулвори бузург – даҳҳо суруди дилнишинро ба мерос гузошт. Имрӯз фарзандонаш роҳи ӯро идома медиҳанд. Писари Тоҷиддин Муҳиддинов – Қорӣ Шамшод бо вуҷуди ходими дин буданаш аз падар овози нотакрорро мерос бурдаву хеле дилнишин месарояд. Ӯ гоҳ-гоҳе дар чорабиниҳо суруд мехонад. Духтаронаш Шабнами Тоҷиддин ва Парвонаи Тоҷиддин имрӯзҳо ситораҳои пурҷилои эстрадаи тоҷик ҳастанд.

Рӯҳаш шод бод, ин марди ҳунарро!

О. НОЗИР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД