ОХИРАШ...
Аз ин ташбеҳи дилбеҳузуркунандаи Марго дили Дилҷӯ шуриду лабонашро инҷ кард. Марго бошад бепарвон ба гӯйишаш идома дод:-Домодаи маро медони-а? Ана духтари ман ҳам ба бонкдори англис ба шавҳар мебароям гуфта думи ӯро гирифта ба ин ҷо омад, ин зарди аблаҳ давлати зиёд дорад, вале як пора нони хӯрдаи ман ба чашмаш метобад. Ана, мани кампир аз дасти ӯ ба кор баромадам то дар чашмаш натобаму дили духтарамро хун накунад. Чипи ту ҳам аз ҳамин тоифа ба вай бовар накун! Судайс гапи дигар, инҳо барои зани зебо ҷонашонро медиҳанд, табиаташон низ бо шумо наздик. Ана ҳамту ҷонаки ман, даст аз домони Судайс набардор. Аввал ин ки Чип аз ман не, дуввум ҳамин динаяк нагуфтед, ки «зи шири шутур хӯрдану сусмор»- бо ханда Маргоро оғӯш кашида гуфт Дилҷӯ. Марго сари Дилҷӯро бо меҳр сила карда гуфт, гапро дигар сӯй набар, ман гуфтам, ки ту ғами Судайсро нахӯр кай гуфтам, ки шоҳзодаи арабии мо бад аст…Марго чолок аз ҷой бархоста ба сӯҳбат нукта гузошта шухиомез гуфт:-Имрӯз мошкичирӣ мепазем, хез Дилам қиссаҳои ошиқона бас! Мани кампирро аз рашк мекушӣ?! Дилҷӯ низ бо шодмонӣ аз пайи Марго хест, вале дилаш гоҳ ин тараф мекашид гоҳ он тараф…
Шоми романтикии сархӯр
Чип доим Маргоро ба марғзори берун аз шаҳр даъват мекард, духтар бо мулоиматӣ хоҳиши ӯро рад мекард, аммо…
Чӣ шуду чӣ монд, ки Судайс як ҳафтаи дароз бо ӯ дар тамос нашуд, зангу паёмакҳои Дилҷӯ бе ҷавоб буданд. Дили духтар ноором буд, болои ин набераи Марго касал шуду ӯ ду рӯз аз Дилҷу ҷавоб гирифта назди ӯ монд. Дили духтар аз танҳоӣ мекафид, ки Чип занг зад ва ӯро ба ғизои шом даъват намуд. Дилҷӯ, ки хеле маҳзун буд даъвати ҷавонро пазируфт ва онҳо ба як тарабхонаи зебое барои хӯрдани ғизои шом рафтанд. Дар торикӣ дар рушании шамъҳо зери мусиқии ороми пианино асабҳои хароби Дилҷӯ каме ором шуданд. Онҳо се соати дароз бо Чип сӯҳбати шавқовар карданду баъд ҷавон ӯро назди хонааш оварда фаровард. Дилҷӯ ба хона даромаду дар рӯ ба рӯяш Судайсро дида талхакаф шуд, араб ғазабашро пинҳон карда бо заҳрханда пурсид:-Куҷо будӣ?
Дилҷӯ мисли барги бед меларзид ва медонист, ки ҷойи пинҳон кардан нест ва гуфт:-Ҳамроҳи як ҳамсабақам ба тарабхона рафта будам. Ману Чип дӯстони ҷонӣ ҳастем, дигар ҳеҷ. Ту аз куҷо пайдо шудӣ?Аз куҷо пайдо шудани ман ин кори ту нест, гуфт бо зарда араб ва аз хона бадар шуд. Дилҷӯ он шаб то саҳар гирист, хоб ба чашмаш меҳмон намешуд, ба Марго занг зад телефонаш хомӯш буд…
Субҳ бо сари гарони дидаҳои варамида сӯйи донишгоҳ равон шуд, вале дар роҳ зери мошин монд…
Ҷасади нозанинро аз аврупо Судайс ба хонаашон фиристод, ҳама ин маргро амри тасодуф медонистанд, ба ҷуз Марго. Вале кампир аз тарси ҷони худашу пайвандонаш ба касе лаб накушод.
Модари Дилҷӯ дар кӯча барои тобути духтараш пойандози зарҳалине афканда буд то даруни ҳавлӣ ва нола мекард, рӯю мӯ меканд, дили модар гувоҳӣ медод, ки марги духтараш маҷбурӣ буд на тасодуфӣ…
Дилошуб