Arzon march 2024
ДВОЙНИКИ ФАРЗОНАИ ХУРШЕД ДАР ДУНЁ
2514

 Фарзонаи Хуршед, овозхони 31-солаи тоҷик ба либоспӯшии чанд тан аз овозхонҳои хориҷӣ тақлид мекардааст. Дар ин бора худи овозхон бо нашри якчанд акс дар саҳифаи “Instagram ”-аш хабар додааст.

Маълум шуд, ки Фарзонаи Хуршед ба пироҳанҳои Хонаи мӯди “Pierre Balmain”-и Фаронса, модели 23-солаи амрикоӣ Кайлӣ Ҷеннер ва овозхону ҳунарпешаи 33-солаи барбадосӣ Рианна тақлид мекардааст. Бештари пироҳанҳои саҳнавии овозхонро тарроҳи тоҷик Умед Негматов омода мекунад, аммо намунаи ин пироҳанҳои хориҷиро кадом тарроҳ омода намудааст, маълумоте дар даст надорем.

Фарзонаи Хуршед аз зумраи камтарин сарояндаҳои тоҷик аст, ки бо пироҳанҳои саҳнавии ғайриодии худ диққати корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ҷалбу сару садоҳои зиёдеро ба бор меорад.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД