Arzon Banner
“ДВОЙНИК”-И ШАБНАМИ СУРАЙЁ ДАР ХОРИҶА КИСТ?
5884

 

Шабнами Сурайё, овозхони 39-солаи тоҷикро ба Ким Кардашян, ҳунарпеша ва модели 40-солаи амрикоӣ монанд кардаанд. Бахши тоҷикии хабаргузории “Sputnik” рӯйхати ситораҳои хориҷиеро тартиб додааст, ки аз ҳар ҷиҳат ба духтарони тоҷик монандӣ доранд.

“Дар назари аввал монанд кардани ситораҳои хориҷӣ ба духтарони тоҷик каме таҳқиромез менамояд, аммо феълан стандартҳои зебоӣ дар ҷаҳон тағйир ёфта, як гурӯҳ бонувонро ба ҳам монанд кардааст”,-менависад “Sputnik”. Ҳамин тавр, манбаъ Пенелопа Круз, ҳунарпеша ва модели 46-солаи испаниро ба духтарони Шуғнон, Салма Ҳайек, ҳунарпешаи 54-солаи мексикоиро ба Манижа Давлатова, овозхони 38-солаи тоҷик, Ким Кардашянро ба Шабнами Сурайё, Селена Гомез, овозхон ва ҳунарпешаи 28-солаи амрикоиро ба гулдухтарони Хуҷанд ё Панҷакент ва Фрида Пинто, ҳунарпешаи 36-солаи ҳиндро ба тоҷикдухтари сабзинаранг монанд кардааст.

“Агар ба чеҳраи Салма Ҳайек, хусусан, ба аксҳои ҷавониаш бодиққат нигоҳ кунем, чашмони гирд, қаду қомати расо ва абрувони сиёҳаш ба Манижа Давлатова монанд аст”,-менависад “Sputnik”. Агар мухлисони Шабнаму Манижа ба ин гуфтаҳо шубҳа дошта бошанд, бевосита худашон ҷустуҷӯ намуда, ҳамандомҳои овозхонҳои дӯстдоштаашонро дида метавонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД