Сӯистифода аз оҷизию сустии духтар ва таҷовуз ба номуси ӯ аз ҷониби мард аз ҷумлаи амалҳоест, ки ҷуз номард каси дигаре иҷрояш намекунад. Як модари зор аз шаҳри Душанбе гуфт, ки духтараш аввали ҳамин моҳ аз ҷониби ҷавоне таҷовуз шуд. Ин ҳодиса хонаводаи ин занакро дар ҳолати сахт қарор дод.
Модари ноболиғи 14 - сола, ки бо далелҳои ахлоқӣ номаш зикр намешавад, дар хобгоҳи коргарии ҷавондухтарони ҶДММ ИИ “Нассоҷии тоҷик”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Садриддин Айнӣ 16”а” зиндагӣ мекунад ва ҳодиса ҳам маҳз дар ин макон рух додааст.
"Ҳодиса 3 - юми июн соатҳои 4 - и бегоҳ рух додааст. Дар ин вақт ману шавҳарам дар кор будем ва дар хона касе набуд. Ин ҷавон бо баҳонаи обнушӣ ба манзили мо даромада, духтарамро зӯран таҷовуз кардааст. Вақте писарам омад, алакай дер шуда буд. Ҳамон рӯз ба милиса шикоят кардем", - нақл кард ин модар дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ.
Ӯ рузи 26 - уми июн гуфт, ки духтари 14-солааш М. Ҳ. дар хона танҳо буд ва ин ҷавон ба хонаи онҳо даромада, ӯро таҷовуз кардааст.
Модари ин духтар даъво дорад, ки ҷавон бори аввал як моҳ пештар аз ин ҳам ба номуси духтараш дастдарозӣ карда, ӯро таҳдид кардааст, ки дар ин бора ба касе лаб накушояд. “Ҳамон рӯз ба мақомоти милиса шикоят кардем ва талаб дорам, ки ин одамро ёфта, ҷазо диҳанд. Ӯ ҳаёти духтари маро сӯзонд. Баъди ташхис мо фаҳмидем, ки ин бори аввал нест ва ӯ як моҳ пеш аз ин ҳам чунин корро бо духтарам анҷом дода будааст", - гуфт зан.
Ташхиси тиббӣ-судӣ, ки рӯзи 4 - уми июн анҷом дода шудааст, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ М. Ҳ. - ро тасдиқ кард. Ин модар мегӯяд, ки ин ҷавон хеши наздики як нафари шинохта дар Тоҷикистон аст. Ӯ аз он тарс дорад, ки ҷавон аз пушти хешаш беҷазо мемонад.
Дар Прокуратураи шаҳри Душанбе шикояти ин модарро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки алакай нисбати ҷавони 25 - сола бо моддаи 141 Кодекси ҷиноятӣ (алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) парванда кушода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур фиристода шудааст. "Ҳодиса таҳқиқ шуда, гумонбар айни ҳол дар боздошти пешакӣ қарор дорад. Таъини ҳукм ва татбиқи он кори суд аст", - навиштааст ин радио аз қавл як манбааш бе зикри ном.
Дар Тоҷикистон таҷовуз ба номус, аз ҷумла бо ноболиғ ҷинояти сангин ба ҳисоб меравад ва барои он ҷазо бо маҳрум кардан аз ду то бист сол аз озодӣ пешбинӣ шудааст. "Ҳоло ки номи духтари маро доғдор кардааст, бояд ҷазо гирад. Ҳеҷ чиз ба аввал баргардонида намешавад, аммо набояд чунин бадрафторӣ ва ҳодисаи нанги бо духтари каси дигар рух диҳад", - мегӯяд ин модар.
Қаблан, сомонаи “Оила” аз қалви раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аз таҷовуз шудани духтараки ноболиғи 12 – сола аз тарафи ҳамсояашон марди 42 – сола дар шаҳри Ҳисор хабар дода буд.
Бино ба иттилои сомона Сумаяи 12 – сола қурбони нафси ҳарроми ҳамсояашон Ҳусниддини 42 – сола шуд. Ин марди худобехабар бо истифода аз хурдсоливу сустии духтарак ӯро ба оғилхона бурда, таҷовуз кардааст. Оқибати ин амали пасту разилонаи ӯ духтараки хурдсолро модар кард ӯ имрӯз кӯдаки 2 – моҳа дорад.
Зойиров дар як аризааш ба унвони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти дахлдори кишвар навишт, ки соли 2019 як сокини 42 - солаи ин деҳа бо номи Ҳусниддин Абдуллоев духтари 12 - солаи ҳамсояашро дар оғилхонаашон таҷовуз кардааст.
Ин духтар, ки Зарипова Сумая Хайриддиновна ном дошта, соли таваллудаш 2007 мебошад, ду моҳ пеш кӯдак таваллуд кард. Вазъи саломатии кӯдак айни ҳол вазнин арзёбӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки аксари қрбоншудагон аз он нигаронӣ менамоянд, ки мақомоти корҳои дохилӣ чунин ҳодисаҳоро пинҳон мекунад. Ба гуфти онҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ метавонанд ҳодисаи ба сари чунин духтаракон омадаро ранги дигар диҳанд ва ҳукм ҳам бароранд, ки ин ҳодиса таҷовуз ба номус нест.
Бино ба даъвои Раҳматилло Зойиров, вақте волидайн аз ҳодиса огоҳ мешаванд, таҷовузкор бо таҳдид ба духтар ва волидайнаш онҳоро нагузоштааст, ки ба мақомот ариза нависанд, аммо пас аз гузаштани муҳлати муайян ин духтар ҳомиладор шуд ва ниҳоят волидайнаш ба прокуратураву мақомоти корҳои дохилӣ аз болои ҳамсоя шикоят карданд.
“Вақте ки аломатҳои ҳомиладор будани духтар пайдо мешавад, он гоҳ пайвандонаш ба мақомот муроҷиат кардаанд. Пас аз таваллуди тифл духтар нишондод медиҳад, ки аз Ҳусниддин Абдуллоев ҳомила шудааст. Тафтишот идома дорад, аммо гумонбари асосӣ маълум нест. Эҳтимоли ширкати дигар афрод дар ин ҷиноят низ вуҷуд дорад. Ҳоло натиҷаҳои ташхисҳои зарурӣ маълум шавад, гунаҳкор низ рӯи об хоҳад баромад”, - гуфта буд дар вокуниши худ сухангӯи ВКД Нусратулло Маҳмадзода. Ҷузъиёти дигаре дар ин робита то ҳол маълум нест.
Бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории кишвари мо алоқаи ҷинсӣ бо шахси ноболиғ ҳатто дар сурати розӣ будани худи ӯ ҳам таҷовуз ба номус буда, ҷавобгариро талаб мекунад.