arzon replenishment
Духтарони тоҷик фашистонро бо пулемёт ва снайпер мезаданд
677

Имсол аз ғалаба бар фашизми гитлерӣ расо 79 сол пур мешавад. Дар ин набарди хунин, ки тӯлонитарин ва бераҳмтарин ҷанг дар таърихи инсоният ба ҳисоб меравад, қатори ҷавонмардони бо нангу номус садҳо нафар занону духтарони тоҷик низ иштирок намуда, бо тиру туфанг душманро несту нобуд мекарданд...

Шумораи умумии занони иштирокчии ҶБВ 32 000 нафарро ташкил дода, бештари бонувон ҳамчун снайпер, халабон, табиб ва разведкачӣ ба муқобили фашистон мубориза бурдаанд.

Маҳрум Роҳат Набиева, муаррих, профессори Университети давлатии Тоҷикистон дар китоби худ «Занони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» саҳми занони тоҷикро дар ғалаба бар фашизм дарҷ намуда, навиштааст, ки дар набардхои зидди кушунхои Германияи фашистй аз Точикистон 32 хазор нафар занону духтарон иштирок карданд. Аз ин шумора 350 нафар снайпер, 1420 пулемётчӣ, 435 нафар телеграфчиён, 3750 нафар телефонисткаҳо ва 4195 нафар тирандоз будаанд.”

«Нина Любовская аз Тоҷикистон яке аз снайперҳои тезкор дар қисми низомии худ буд ва дар амалиёти ҷангӣ дар наздикии Маскав 89 сарбози фашистро несту нобуд кард» навиштааст Роҳат Набиева.

Сафия Ниёзова аз қаҳрамонҳои дигари майдони набард буда, дар давоми панҷ соли ҷанг дар Украина ҳазорон нафар ярадоронро аз марг наҷот додааст. Ин зани шуҷоъ дар мавридҳои зарурӯ ярок ба даст гирифта, ба муҷобили фашистони немис меҷангид.

Ойгул Муҳаммадчонова ва Инъомҷон Қурбонова дар ҷанг лётчик буданд. Ҳарду барои шуҷоаташон бо ордену медалҳо қадрдонӣ шудаанд.

Дар рӯзҳои аввали ҷанг танхо аз шаҳри ҳамонвақтаи хурдакаки Сталинобод (Душанбеи имрӯза) 200 нафар занон ихтиёран ба фронт рафтаанд.

Давлатбӣ Нурова , сокини ноҳияи Сарбанд ва ҳамсари Шафоат Нуров, аз ҷанг маъюб баргашт. Ӯ ба хабарнигорон гуфта буд, ки “Падарам ба фронт рафт. Мо алаф медаравидем, пахта мечидем, занон прораб буданд, мард набуд. Бо кӯдакон будем, нон набуд. Ҳама захмӣ баргаштанд, хеле душвор буд”.

Дар архиви советӣ асосан дар бораи қаҳрамониҳои занони тоҷик дар фронт сухан меравад. Дар он солҳои душвор беш аз 500 ҳазор занони хонашини тоҷик ба ҷойи мардон дар саҳро ва заводу фабрикаҳо кор карда, саҳми босазои худро дар таъмини ғалаба бар фашизми гитлерӣ гузоштанд. Тавре ки муаррих менависад, занҳои тоҷик худ гурусна буданд, вале ҳама чизро ба фронт мефиристоданд.

Занони сабур ва пуртоқати тоҷик ба хотири расиданба сулҳу оромиш тамоми душвориҳои он замони сахтро таҳаммул намуда, гуруснаву ташна ҳамроҳи фарзандонашон субҳ то шом кор мекарданд ва бо умед роҳи шавҳарони худро мепоиданд. Гоҳо чунин мешуд, ки баробари бозгашти шавҳар зану фарзандони бар асари гуруснагӣ мариз гашта, дар оғӯши сутуни хонадони худ ҷон медоданд.

Ана ҳаимн тавр занони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардонавор мубориза бурда, дар наҷот додани насли башар аз фашистони хунхор саҳми арзанда гузоштаанд. Барои қаҳрамонӣ дар фронт 150 ҳазор нафар занон бо ордену медалҳо мукофотонида шуда 96 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Федератсияи Россия гардидаанд.

Қаҳрамонии бибиҳоямон дар Ҷанги Бузурги ҶВатанӣ барои мо-занону духтарони муосири тоҷик бояд дарси ибрат ва намунави неки ватандорӣ ва шуҷоъату ҷасорат гашта, баҳри ҳифзи Ватан ҳамеша сипа сипар намоем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД