Духтари телефонбозам қасди худкушӣ мекунад
Салому дуруди худро ба модарону бонувоне, ки мунтазам ҳафтаномаи “Оила”-ро мутолиа мекунанд, мерасонам. Ман як зани 45-сола, модари чор фарзанд, ду духтару ду писар ҳастам. Духтари калониямро, ки бениҳоят ғамхору меҳрубон, чақону боҳунар буд, баъди хостгорони зиёде дарамонро охурча кардан, ба шавҳар додам. Вале духтари дуюмам тамоман феълу рафтори ношоиста дорад. Шояд бо сабаби он ки шавҳарам солҳои дароз дар Русия қарор дорад, духтарам каме озод ба воя расида, дигар маро писанду манзур намекунад. Рӯзи дароз телефон дар дасташ бо касе гап мезанаду агар рафту сарзаниш кунам, дарҳол кордро гирифта, таҳдид мекунад, ки худро мекушад. Баъзан ҳангоми насиҳат карданам, қаҳр карда, аз хона баромада мераваду чанд соат кофта, ӯро базӯр бо зораву тавалло ба хона меорем. Чандин хосгорро рад карда, бо ҳар баҳона аз шавҳар кардан сарпечӣ мекунад. Шавҳарам хеле марди бадрашк аст, аз ин лиҳоз метарсам, ки дар бораи рафтори духтарам ба падараш шикоят кунам. Рафту шавҳарам ягон гапро фаҳмад, ҳам ҷавоби маро медиҳаду ҳам духтарашро оқ мекунад. Бонувони азиз, шумо ҳам мисли ман духтару фарзанд доред. Хоҳиш мекунам, ба ман маслиҳат диҳед, бо ин духтари саркаш чӣ кор кунам?
Д.