Падарам ҳамеша дар орзуи писар буд, вале модарам баъди таваллуд кардани ду духтар бемор шуду бачадонашро бурида партофтанд. Дили амакам ба ҳоли додараш сӯхту писарчааш Диловарро ба падару модарам дод.
Мо додаракамонро ҳамеша тоҷи сар карда мегаштем ва Диловарҷонро бо гули чиз калон карда ба воя расондем. Падарам ӯро ба донишгоҳ дохил кард, то хонда одам шаваду дар даврони пирӣ асои даст ва боиси ифтихори волидон гардад. Азбаски мо аллакай ба шавҳар баромада аз паси зиндагии худ будем, модарам орзуи келин фаровардан намуданд, то дасташон сабуктар шавад. Мехостем як духтари шиносамонро келин кунем, аммо Диловар якрави карда гуфт, ки як духтаракро дӯст медорад ва танҳо ӯро ба занӣ мегирад. Дили писарамон нашиканад гуфта, падару модарам ба хонаи арӯси хушкардаи додарам хостгорӣ рафтанд. Духтардорҳо хостгоронро нағз пешвоз гирифта, розигӣ доданду дар байни як моҳ тӯйи бодабдаба ороста бо сад орзую ҳавас аз шаҳр келин фаровардем. Ҳусну ҷамоли арӯси шаҳрӣ ҳамаро ба ҳайрат овард. Парӣ барин хушрӯй буд арӯси хушкардаи додаракам, вале...
Арӯсаки таърифии мо як айби калон дорад-дасташро ба оби хунук ҳам намезанад! Модарам бо умеди сабук кардани дасташ писарашро хонадор намуда, ташвиши худро дучанд гардонд. Акнун кампири бечора барои келини моҳпайкар, вале бе ҳунару танбалаш хӯрок мепазад, либосҳояшро мешӯяд, ҳатто хонаи хобашро мерӯбад.
Диловар лаҷоми зани эркаи шаҳриашро ҳеҷ ба даст гирифта наметавонад. Келини танбал дасташро дар хонаи мо ба оби хунук назанад ҳам, боз аз зиндагӣ дар деҳа розӣ нест ва ду пояшро ба як мӯза андохта аз падарам талаб карда истодааст, ки аз шаҳр хонаи алоҳида харида зиндагии онҳоро ҷудо кунанд. Ин рафтори келини шаҳриро шунида ба хонаи падарам рафтам, то зани додарамро насиҳат кунам. Арӯси бе шарм дар ҷавоб бидирросзанон гуфт:
-Апа, шумо аралаш нашавед!
Бӯи гову мол ва таппаку оғилро дӯст доред, худатон дар ҳамин қишлоқи бӯгин зиндагӣ кардан гиред, вале ман дигар як ҳафта ҳам дар ин ҷо намеистам! Додаратон маро хоҳад, ба шаҳр мекӯчад, нахоҳад, ихтиёраш! Ҷавобамро диҳад, меравам!
Намедонем бо ин арӯси шаттоҳ чӣ кор кунем. Илтимос, ба мо маслиҳат диҳед. Ба хотири хушбахтии оилавиаш пиру кампирро танҳо гузошта зиндагии Диловарро ҷудо кунем ё кафшҳои келини шаҳриро пешаш гузошта барои додарамон арӯси нав кобем?
Адиба