arzon replenishment
Духтари дузд ба чанг афтид
1301

 

Занро фариштаи заминӣ ва олиҳаи покӣ мехонанд, вале мутаасифона бонувони бехирад ва беандешае ҳастанд, ки даст ба дуздию қаллобӣ ва дигар амалҳои ноҷо зада, ба номи неки зан-модар иснод меоранд. Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як ҷавондухтари 19-сола бо иттиҳоми дуздӣ хабар додааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ба ШВКД дар ноҳия Ҷаббор Расулов бо ариза як зани 57-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намуда, шикоят аз он кардааст, ки санаи 24-уми апрел, тахминан соатҳои 06:00-и субҳ шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз манзилаш 4 ҳазор сомонӣ ва 1-адад гарданбанди тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар пайи шикояти зан дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия як духтари 19-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир шуда, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудаааст. Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД