arzon replenishment
Духтари 15-сола мағозаи тиллофурӯширо ғорат кард?
913


Занону духтарони тоҷик бо хушахлоқию покдомонӣ ва покдилию поктинатиашон ном баровардаанд, вале баъзе бонувони беандешае пайдо мешаванд, ки ба дуздию ғоратгарӣ ва қатлу куштор барин амалҳои номатлуб даст зада, бо рафтору кирдори худ ба номи занону духтарони тоҷик иснод меоранд.

Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як духтари 15-сола хабар додааст, ки дар дуздию ғоратгарӣ гумонбар дониста мешавад...
Тавре ки манбаъ менависад, ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе як ҷавонзани 24-солаи сокини пойтахт муроҷиат намуда, хабар додааст, ки рӯзи 24-уми ноябр, тахминан соатҳои 16:15-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи тиллофурӯшиаш дар Маркази савдои “Садбарг” якбора 2 гарданбанди тиллоиро дуздида, баъдан аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Мақомот дар пайи шикояти ин зан як духтари ноболиғи 15-соларо бо гумони дуздии ҷавоҳирот дастгир намудаанд. Айни замон тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад ва маълум нест, ки ин духтари ҳарисро чи интизор аст, вале...
Бисёр таассуфовар аст, ки як ҷавондухтари тоҷик, ки ҳанӯз ба синни балоғат нарасидааст, даст ба амали нангине чун дуздӣ бизанад.

Духтарон ба қавли пиронсолон “моли мардум” ҳастанд ва дер ё зуд шавҳар карда, ба хонаи каси дигар мераванд. Ҳар одате, ки бо шир даромад, бо ҷон меравад мегӯянд, агар духтар ин одати бадашаро напартофта, фардо дар хонаи шавҳараш даст ба дуздию ғоратгарӣ занад, натанҳо худаш шармсору шарманда мешавад, балки падару модар ва аҳли авлошаро низ баном месозад. Аз ин лиҳоз падару модарон дар тарбияи фарзандони худ, хоса дар тарбияи духтарон бояд хеле ҷиддӣ ва сахтгир бошанд ва ҳамеша онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намуда, дасту дили пок доштанро барояшон талқин намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД