Ҷавондухтари 17-сола, ки худро ба дарёи Душанбе бо мақсади нобуд сохтан аз ҳаёт, аз болои пули ин дарё ба об партофт, аз худкушӣ наҷот дода шуд.
Тавре манбаъ меафзояд, тахминан соати 10:15 дақиқаи рӯзи 23 –юми ноябр ҷавондухтари 17 сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ки дорои касалии руҳӣ мебошад, бо сабаби хуруҷ гирифтани бемориаш худашро аз болои пули дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ ба дарё партофтааст.
Вақте мардуме, ки шоҳиди ин ҳодиса буданд, доду вой мекунанд, Сафарбек Ғоибов ҷавонмарди 31 сола, ки ҷои зисташ дар рӯ ба рӯи макони ҳодиса аст, аз ин садоҳо берун шуда, барои наҷоти ҷони духтарак ба дохили дарё даромада, ӯро аз об берун меорад.
Айни ҳол вазъи саломатии ҷавондухтар хуб гуфта мешавад ва таҳти назорати табибон қарор дорад, омадааст дар хабари Раёсат ВКД дар шаҳри Душанбе.