Formula novemver 2024
Духтар зоям, бева мешавам!
14.08.2022
ОИЛА
1947


Зани бадбахттарини дунё шояд ман бошам, зеро дар тӯли даҳ соли зиндагии заношавҳариямон чор духтарро ба дунё оварда, умре заҳри таънаву маломати шавҳар, хусуру хушдоман, қайниву қайсингил ва дигар хешу ақрабои ҳамсарамро мечашам.

Ҳар дафъаи духтар таваллуд карданам, мардакам қаҳр карда ба таваллудхона намеравад. Волидонам маро аз таваллудхона ба хонаи худашон бурда, 40 рӯз нигоҳубин мекунанд, баъд бо кулчаю тӯша ба хонаи хушдоманам меоранд. Касе дар ин хонадон ба мо рӯйи хуш надиҳад ҳам, модарам «хонаву даратро маҳкам дошта шин, духтарам» гӯён, насиҳат мекунад, ки аз неши забони хушдоман ва қаҳр кардани шавҳарам хафа нашуда, дилёбӣ кунам, то дар ин хона рӯзбар шавам. Мисли гунаҳкор бо сари хам аз пайи кору бори хонаи шавҳарам шуда, гӯшамро ба карию чашмонамро ба кӯрӣ зада мегардам, вале ғаму ғуссаи зиёд маро дарун ба дарун хӯрда тамом карда истодааст.

Хушдоманам писарча таваллуд кардани ягон келини ҳамсояро шунавад, дардаш аз нав хурӯҷ намуда, борони таънаву маломатро ба сарам мерезад ва оби дидаи маро дар бари рӯям мекунад. Ҳоло боз ҳомиладорам. Шавҳарам қасам хӯрдааст, ки агар ин дафъа ҳам духтар бизоям, ҳамон рӯз талоқи маро дода, аз дар берун мекунад. Шабҳоро бо гиря саҳар мекунам. Дӯсте надорам, ки дарди диламро бигӯям.

Аз чунин зиндагӣ кайҳо безор шудаам, кош Худованд ҷони маро тезтар бигирад, ки дигар суханони нешдори шавҳару хушдоманро нашунавам!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД