— Дугонабозӣ то даме зеб дорад, ки мо духтари хона будем. Чун соҳиби хонаю дару шавҳару фарзанд шудӣ, дигар дугонаи ту ҳамонҳо мешаванд.
Ман дар ҳайрат мемонам, вақте мебинам, занҳои каппа калон дугонабозӣ мекунанд. Баъзеҳо мегӯянд, ки бибиҳои мо дугона доштанду то дами марг ба ҳамдигар вафодор монданд. Аммо гумон мекунам, он замонҳо дигар буданд, маърифати инсонҳо дигар буд, занон имону инсофу фарҳанги мусулмонӣ доштанд. Дар ин замонае ки мо зиндагӣ дорем, ҳатто ба фарзандони падари худ бовар нест. Боварӣ кайҳо мурдааст… Шахсан ман ба вафодории касе бовар надорам. 29-сол мешавад худам дар шаҳр зиндагӣ мекунам дар пойтахт. Дугонаам дар хонаи мо зиндагони мекард.Чунки он вақт донишҷӯй буд.Баъди хатми донишгоҳаш дугонаам ба хонаашон ки дар ноҳияи дурдаст буд рафт.
Имрӯз ин дугонаам дар корхонаи бонуфуз кор мекунанд, вале ягон маротиба омада намегӯяд,ки дугонаҷон замоне шумо маро дастгирӣ кардед. Бовар кунед, як вақт дар хонаам ду донишҷӯ доштам. Мешуд лаҳзаҳое, ки худам бо як бурда нони қоқу бо як пиёла об қаноат карда мехобидаму косаи охирини хӯрокро аз дегамон бардошта, пеши онҳо мегузоштам…
Беҳуда намегӯянд, ки аз бандааш не, аз Худо талаб кун. Имрӯз ман аз чизе камбудӣ надорам, фарзандонам ба боғча мераванд, вале дили одам ба кардагиҳояш месӯзад. Дугона низ ҳамин тавр, дошта бошӣ, барояш азизӣ, надошта бошӣ, ёдат намекунад, — чунин андеша дорад
Сафина, сокини шаҳри Душанбе