Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ду нафарро бо гумони содир намудани як қатор ҷиноятҳои дуздӣ дастгир кардаанд.
Ба иттилои милитсия, Воҳидов Некрӯз, сокини 18-солаи шаҳри Хуҷанд, ки қаблан бо моддаҳои 110 ва 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, инчунин Хоҷазода Шаҳром, сокини 20-солаи ноҳияи Ёвон ҳамчун гумонбар дастгир шудаанд. Зимни санҷиш муайян шудааст, ки гумонбарон тирезаҳои воситаҳои нақлиёти шаҳрвандонро шикаста, аз дохили онҳо телефонҳои мобилӣ ва маблағҳои пулии соҳибмулконро тасарруф мекардаанд. То ҳол 3 ҳолати дуздӣ ошкор гардида, нисбат ба дигар кирдорҳои эҳтимолии ҷиноятии гумонбарон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Милитсия аз шаҳрвандоне, ки эҳтимолан аз кирдорҳои ин афрод ҷабр дидаанд, хоҳиш кардааст, ки тавассути WhatsApp ё Telegram бо рақами (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.