goodwell
Ду медали нуқра - дастоварди варзишгарони тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиё
01.09.2026
Oila.tj
44

Варзишгарони тоҷик дар аввалин иштироки худ дар мусобиқаи байналмилалӣ ба натиҷаи назаррас ноил гаштанд.

30-юми август дар шаҳри Ҳошимини Ветнам Чемпионати кушоди Осиё оид ба пауэрлифтинг баргузор шуд, ки Тоҷикистонро ду варзишгар намояндагӣ карданд. Ҳар ду пауэрлифтер дар намуди жим лёжа (пахши штанга аз ҳолати хобида) ба гирифтани медали нуқра ноил шуданд.

Камолов Муҳаммад дар вазни 75 кг дар намуди жим лёжа (пахши штанга аз ҳолати хобида) сазовори нишони нуқра гардид. Сорбони Мумин дар вазни 82,5 кг дар ҳамин намуди рақобат маҳорати баланд нишон дода, медали нуқра ба даст овард.

Ҷолиб он аст, ки Камолов ва Мумин бори аввал дар як мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карданд. Бо вуҷуди ин, ҳар ду варзишгар тавонистанд дар байни рақибони хориҷӣ худро нишон дода, Тоҷикистонро соҳиби ду медали нуқра гардонанд.

Ин натиҷа метавонад оғози қадами ҷиддӣ барои варзишгарони ҷавони тоҷик дар арсаи байналмилалии пауэрлифтинг бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД