formula feb 2025
Ду медали биринҷии ҷудокорони тоҷик аз Baku Grand Slam 2025
144

Рӯзҳои 14 ва 16-уми феврали соли равон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2025 “Baku Grand Slam 2025” доир гардид.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 6 паҳлавон муаррифӣ карданд. Дар вазни то 73 кг Абубакр Шеров бо Муҳиддин Асадуллоев, дар вазни то 81 кг Баҳрӯз Хоҷазода бо Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов намояндаҳои кишвари мо дар мусобиқаи мазкур буданд.

Дар мусобиқаи мазкур ба Абубакр Шеров ва Ҷаҳонгир Маҷидов муяссар шуд, ки барои Тоҷикистон медалҳои биринҷро ба даст оранд.

Тоҷикистон бо 2 медали биринҷӣ дар феҳристи медалҳо мақоми 12-умро дар Baku Grand Slam 2025 ишғол кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Baku Grand Slam 2025” 258 ҷудокор (166 мард, 92 зан) аз 36 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД