arzon replenishment
ДУ ХОНАВУ ЯК МОШИН ВА АСРОРИ ИШҚВАРЗИИ ДОН ЖУАН
04.01.2021
Р. Азимӣ
3085


"Гардаме гардаме соли муша гардамеееее..."! Соли мушҷон соли худам, ки аст соли бурдбориҳоям гашт. Гарчанд дар байнаш мусибату ғаму ғӯссаҳо ҳам дошт, вале аҷибаш он буд, ки орзуҳоям ҳамааш амалӣ гаштанд.

Ман баъди клипи “Зангир нестам”, ки аз 8 қисми иборат буд якбора соҳиби ду хона, ки яке дар Сангтӯда дигаре дар маҳаллаи Зарнисор гаштам. Ғайр аз ин мошини тамғаи “Мерседес сечка” бо шарофати зиёд гаштани "подписчик"-ҳоям ҷаноби Ютуб ба ман тӯҳфа кард, яъне пул аз ҳисоби каналам доду онро харидам.
-Хуб меҳнат кардед дия?

Ростӣ, бекор нагаштам. Шабро шаб нагуфта эҷод кардам, саҳна сохтам ва филм ба навор гирифтам. Ҳамаи ин заҳматҳоям муддати яксол идома ёфта бошад ҳам вале кордам болои рӯған гашт. Дигар аз касе мутаҳам нестам, дигар касеро зора намекунам, ки дар Душанбе якшабамро дар хонаат саҳар кунам, ё ки мошинатро деҳ ба деҳа равам?! Худоро шукр, ки сӯям назари нек кард.

-Соҳиби хонаву мошин шуда бошед, зан ҳам гирифтед?
-Зана ба қавле “успет” накардам! (Механдад)

-Маъшуқабозӣям мекунедмӣ?
-Аз дасти ман арӯсбозӣ магар меояд? Ин хел корҳои хатарнокро дар сар надорам!

-Навгониии Дӯстмурод дар соли 2021?
-Банди эҷод ҳастем ва аз саннаи 2-юм то 17-уми декабр кулли мардуми сарбаланди тоҷикро дар Сирки давлатӣ интизорем. Бо шоу таронаву ҳаҷву ханда ва навовариҳои фавқулода мо шуморо интизорем! Дӯстмурод ба пешвози кули шумо ҷонашро пояндоз мекунад!
 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД