Шуруъ аз пагоҳ, 10-уми июн даври дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 (ИМД-2025) оғоз мегардад, ки то 30-юми июн идома меёбад.
Бино ба иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, даври дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсоне, ки худро дар давраи якуми бақайдгирӣ номнавис карда натавонистаанд, гузаронида мешавад.
Давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2025 дар нуқтаҳои бақайдгирие, ки дар заминаи муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт ташкил карда мешаванд, гузаронида мешавад.
Довталабоне, ки дар даври дуюми бақайдгирӣ (аз 10 то 30-юми июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои авваларо иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав сабти ном кунанд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо даври дуюми бақайдгирӣ гузаронида мешавад ва ин довталабон бояд ба нуқтаи бақайдгирие муроҷиат намоянд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.